Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Нишасти матбуотии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

30-юми июли соли 2021 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Агентӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ гузаронид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони рӯзномаю маҷаллаҳо, шабакаҳои иттилоотӣ, телевизион ва радио аз он ҷумла: АМИТ «Ховар», агентиҳои “Спутник Россия”, “Авесто”, “Азия Плюс”, шабакаҳои радиою телевизионии “Сафина”, “Ховар”, “Радиои Тоҷикистон”, “Садои Душанбе”, “Овози тоҷик”, рӯзномаву маҷаллаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Ҷавонони Тоҷикистон», “Минбари халқ”, «Боҷу хироҷ», “Халқ овози”, “Пайк”, саҳифаи интернетии “Radiotoj” иштирок намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон дар бораи фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2021 ва вазифаҳои минбаъда барои давоми сол, инчунин дар бораи нишондиҳандаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши иттилоотӣ пешниҳод карда шуд. Барои истифодабарӣ маводҳо, аз ҷумла: гузориш оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2021 (бо забонҳои давлатӣ ва русӣ) ва маърӯзаи фишурда дар бораи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2021пешнињод  гардид.

Дар нишасти матбуотӣ Директори Агентии омор Ҳасанзода Гулнора Кенҷа дар бораи натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти мақомоти омор дар нимсолаи аввали соли 2021 ва нақшаву вазифаҳои дар пеш истода, ҳисоботи муфассал манзур намуд.

Ҳамзамон ба рӯзноманигорон дар муҳокимаи мавзӯъҳои вобаста ба соҳаи омор аз ҷониби Директори Агентӣ, муовинони Директор ва сардорони раёсату шуъбаҳои соҳавӣ посухҳои мушаххас манзур карда шуд.

Аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба мавзӯъҳои соҳавӣ саволҳои зерин пешниҳод гардиданд:

- пешниҳоди маълумоти оморӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

- фавти аҳолӣ дар нимсола, аз ҷумла аз руи сабаби фавт;

- содироту воридот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нархи мањсулоти озуќа;

- шумораи муҳоҷирони дохилӣ ва хориҷӣ;

- омори фавт, таваллуд ва ҷудошавии оилаҳо ва ғайраҳо. 

Ба саволҳои аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба масъалаҳои ба мақомоти омор мансубиятдошта, аз ҷониби Роҳбарияти Агентии омор ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Нашр шудааст: 02.08.2021