Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Эълони озмун

АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бахши ҳуқуқ

мудири бахш – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1323 сомонӣ;

 

Раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молия

сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1200 сомонӣ;

 

Шуъбаи методологияи оморӣ ва таснифот

сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1200 сомонӣ;

 

Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 978 сомонӣ;

 

Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ

 мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 804 - сомонӣ;

 

Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 804 сомонӣ;

 

Шуъбаи методологияи оморӣ ва таснифот

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 804 сомонӣ.

 

Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

муовини сардори Сарраёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2068 сомонӣ;

 

Раёсати Агентии омор дар ноҳияи Рӯдакӣ

сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ;

 

Шӯъбаи Агентии омор дар ноҳияи Шаҳринав

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

 

Бахши Агентии омор дар шаҳри Роғун

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 660 сомонӣ;

 

Бахши Агентии омор дар ноҳияи Нуробод

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

 

Бахши Агентии омор дар ноҳияи Лахш

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

 

Бахши Агентии омор дар ноҳияи Сангвор

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 630 сомонӣ.

 

Довталабон барои ишғол намудани мансабҳои холии зикршуда ба талаботҳои тахассусии зерин бояд ҷавобгӯ бошанд: 

- барои муовини сардори Сарраёсат - таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- барои мудири бахш - таҳсилоти олӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ, 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- барои сармутахассисон - таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- барои мутахассиси пешбар - таҳсилоти олӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- барои мутахассисон - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор);

Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», забони давлатӣ ва кор бо компютер барои ҳамаи довталабон ҳатмист.

 

            Довталабон ба Комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:

            - аризаи шахсӣ ба унвони директори Агентӣ;

            - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

            - тарҷумаи ҳол;

            - 2 дона расми андозаи 3х4;  

            - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

            - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

            - нусхаи шиноснома;

            - маълумотнома аз ҷои истиқомат;

            - хислатнома;

            - нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

            - нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);

            - маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;

            - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

            - маълумотнома (справка- объективка);

            - маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038).

 

Довталабон метавонанд ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд:

 

734025, ш.Душанбе, кӯчаи Бохтар 17, утоқи кории №301 ва №309

Тел: 221-57-21; 227-63-24; Fax: 221-43-75.

 

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон (аз 28.09.2018с. то 18.10.2018с.).

Нашр шудааст: 27.09.2018