Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Роҳбарият

Ҳасанзода Гулнора Кенҷа – Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

13 декабри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1988 бо дипломи сурх Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1988 ба сифати бозраси калони Бонки манзилию иҷтимоии ҷумҳурӣ оғоз намуда, баъд дар вазифаҳои иқтисодчии шӯъбаи Бонки мазкур, сардори шӯъбаи молиявию кредитии Бонки тиҷоратии «Экспресс - бонк», сипас дар солҳои 1995 - 1999 иқтисодчӣ, иқтисодчии пешбар, сардори шӯъбаи Департаменти банақшагирии молиявӣ ва танзим кредитӣ, сардори шӯъбаи кредитҳо ва амонатҳои асъории Идораи амалиёти Департаменти робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва амалиёти асъории Бонки «Тоҷикбонкбизнес» фаъолият намудааст.

Солҳои 1999 - 2005 ба ҳайси тафтишгар, сардори шӯъбаи назорат, сармутахас-сиси назорати иҷрои барномаи давлатии ислоҳоти иқтисодии Бонки миллии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Солҳои 2005 - 2010 дар вазифаҳои муовин, муовини якуми раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» кор кардааст.

Аз соли 2010 то соли 2013 дар вазифаи раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» кор мекард.

Бо медали ҷашни «20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Оиладор соҳиби ду фарзанд мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2013 директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

 
Шокирзода Шодмон Шариф – Муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 декабри соли 1959 дар шахраки Дангараи нохияи Дангара, дар оилаи хизматчи таваллуд шудааст.

Соли 1982 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси банақшагирии хоҷагии қишлоқ хатм кардааст. Дар ҳамон сол дар комитети комсомолии ноҳияи Данғара ба сифати ҷонишини котиби комитети комсомоли колхози «Ғайрат» - и ноҳияи Данғара фаъолияти меҳнатии худро оғоз кардааст. 

Аз моҳи июни соли 1983 то моҳи августи соли 1984 иқтисодчии умури кишоварзии ноҳияи Данғара, аз августи соли 1984 то моҳи августи соли 1990 ҷонишини сардори шӯъбаи омори ноҳияи Данғара, аз моҳи марти соли 1990 то феврали соли 1991 сардори шӯъбаи баплангирию – иқтисодии ширкати «Сохтмони хоҷагии Оби Данғара».

Аз соли 1991 - сардори шӯъбаи омори ноҳияи Данғара.
Аз соли 2006 - муовини Раиси ноҳияи Данғара, 
Аз соли 2008 - сардори сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.
Аз моҳи марти соли 2011 - муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шуд. 

 

Давлатзода Қиёмиддин  – Муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 моҳи июни соли 1975 дар ноҳияи Айнӣ вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд)-и Тоҷикистон дар оилаи колхозчӣ таваллуд шудааст.

Дар соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро бо ихтисоси муҳандис – менеҷер хатм кардааст. Дар ҳамон сол фаъолияти меҳнатии худро дар Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати иқтисодчӣ оғоз кардааст.

Дар соли 2006 сардори раёсати омори нақлиёт, алоқа, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зисти Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон таин шуда буд. 

Аз 16 апрели соли 2010 – Муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

 

Холиқзода Малоҳат  – Муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

11 апрели соли 1961 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1983 Донишкадаи хоҷагии халқи дорои Ордени Байрақи Сурхи Маскав ба номи Г.В. Плехановро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ба ҳайси муҳандис – иқтисодчии калони шуъбаи башуъбаи банақшагирии истеҳсолоти иттиҳодияи истеҳсолии нонпазии шаҳри Душанбе шуруъ намуда, соли 1986 дар вазифаи иқтисодчии калони шӯъбаи меҳнат ва демографияи Институти илми таҳқиқотии усулҳои иқтисодию математикаи назди Кумитаи давлатии банақшагирии РСС Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 1986-1992 дар вазифаи иқтисодчии калони шӯъбаи саноати Комиссияи банақшагирии комитети иҷроияи совети Депутатҳои халқии вилояти Қӯрғонтеппа фаъолият дошт.

Солҳои 1992-1993 дар вазифаи сардори шӯъбаи банақшагирии истеҳсолии Дирексияи муттаҳидаи сохтмони обёрии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби ҶумҳурииТоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 1993-1994 дар вазифаи иқтисодчии Бонки миллии Тоҷикистон буд.

Солҳои 1994-1996 дар вазифаи иқтисодчии пешбари «Тоҷиксодиротбонк» кор кардааст.
Солҳои 1996-1997 Мудири идораи асъори «Текстинвестбонк» буд.
Солҳои 1997-1998 дар вазифаи иқтисодчии пешбари департаменти тавозуни пардохти Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Солҳои 1998-2002 ба ҳайси муовини сардори департаменти тавозуни пардохти Бонки миллӣ фаъолият намудааст.
Солҳои 2002-2008 Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ буд.
Солҳои 2008-2010 Муовини Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон буд.
Солҳои 2010-2015 Муовини Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон буд.
Солҳои 2015-2018 дар вазифаи Муовини Сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз 9 феврали соли 2018 – Муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо мукофоти давлатии «Медали Хизмати шоиста» соли 2006 сарфароз гардидааст.
Оиладор соҳиби се фарзанд мебошад.