Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

19.09.2011
Oид ба баргузории дастурдиҳии омӯзишӣ «Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, таҳлили демографии натиҷаҳои расмии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил»

Аз 12 то 16 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон дастурдиҳии омӯзишӣ барои роҳбарони мақомоти маҳаллии омори вилояти Хатлон (ҳамагӣ 27 нафар) баргузор гардид. Дастурдиҳии омӯзишӣ бо дастгирии молиявии Хазинаи нуфуси СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи: «Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, таҳлили демографии натиҷаҳои расмии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил» ҷараён гирифт.

Дар рафти дастурдиҳӣ сардорони раёсатҳои Агентӣ Кислитсина Е.А. ва Исмоилова З.Ҷ. оид ба масъалаҳои барномаи дастурдиҳӣ презентатсияҳо омода намуда, ба иштирокчиён пешниҳод намуданд; дар барномаи Ехсеl тарзи ҳисоби баъзе нишондиҳандаҳои омори демографӣ дар асоси натиҷаҳои расмии барӯйхатгириҳои аҳолӣ нишон дода шуда, худи иштирокчиён ҳангоми кори амалӣ чунин ҳисобҳоро ба анҷом расониданд.

Дар навбати худ, иштирокчиёни дастурдиҳӣ дар бораи таҷрибаи ба даст омада ва баъзе таклифҳои худ оид ба баргузории барӯйхагирии аҳолӣ, инчунин муфид будани чунин дастурдиҳиҳои омӯзишӣ ибрози ақида намуданд.
 

Другие новости