Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

15.08.2011
Сафари навбатии Директори Агентии омор ба шаҳри Роғун

 8-9 августи соли 2011. Барои гузаронидани вохӯрӣ бо аҳолии шаҳри Роғун ва ҷамоати деҳоти Қади об дар арафаи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Муҳаммадиева Б.З. аз шаҳри Роғун сафари хизматӣ анҷом доданд.

Нимаи аввали рӯзи 8 август Директори Агентии омор дар ҷаласаи кории ситод оид ба ҷашнгирии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ширкат варзиданд. Дар ҷаласаи корӣ иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар бораи мавриди истифода қарор додани иншоотҳои ҷашнӣ, ба тартиб овардани лавҳаю шиорҳо, ки таҷассумгари дастовардҳои истиқлолият мебошанд, дида баромада шуданд.

Муовини аввали Раиси шаҳри Роғун ба масъулин супоришҳои мушаххас дода, қайд намуд, ки то ҷашни истиқлолият ҳамаи чорабиниҳои банақшагирифташуда бояд дар сатҳи зарурӣ иҷро карда шаванд.

Нимаи дуюм рӯз вохӯрии Директори Агентии омор бо фаъолон ва аҳли заҳмати шаҳри Роғун доир гардид. 
Бо нутқи муфассал оид ба дастовардҳои аҳли заҳмати шаҳри Роғун Муҳаммадиева Б.З. дар назди ҳозирин баромад намуда, қайд карданд, ки рушди босуботи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Роғун, ки дар рақамҳои оморӣ дарҷ ёфтаанд, бори дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки тавассути кӯмаку ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳнати ҳалоли мардуми заҳматкаши шаҳри Роғун, ба чунин дастовардҳо ноил гардидем. Саҳми босазои мардуми шаҳри Роғун хеле калон аст.

Дар баромади Директори Агентии омор оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғпарварварӣ, парвариши картошка ва занбӯри асал, сармоягузорӣ барои сохтмони иншоотҳои хурду бузург маълумотҳои муфассал пешниҳод карда шуд.

Баъди хотимаи баромад, Муҳаммадиева Б.З. ба саволҳои иштирокчиёни вохӯрӣ ҷавобҳои муносиб доданд. Вохӯрӣ дар фазои фараҳбахш ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

Субҳи рӯзи 9 август Директори Агентии омор барои гузаронидани вохӯрӣ бо мардум ба ҷамоати деҳоти Қади об омаданд.
Роҳбарияти ҷамоати деҳоти Қади об, истиқоматкунандагони ҷамоат барои вохӯрии мазкур омодагӣ дида буданд ва вохӯрӣ дар сатҳи зарурӣ доир гардид.

Ҷамоати Қади об асосан маҳалли кӯҳсор буда, шуғли асосии мардум соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Дар баромади Директори Агентии омор оиди саҳми арзанда доштани аҳолии ҷамоат дар ноил шудан ба дастовардҳои 20 соли сипаригардида, алалхусус дар баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ қайд карда шуд.

Баромадкунандагон низ аз дастовардҳои меҳнатиашон хеле рӯҳбаланд гардида, ҷиҳати дар оянда бо меҳнати поквиҷдонона баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсолот, рушди соҳаҳои иҷтимоии шаҳри Роғун ва ҷамоати деҳот ибрози ақида намуданд.

Ба саволҳои бешуморашон ҳозирин аз Директори Агентии омор ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.
Дар назар аст, ки то ҷашни истиқлолияти давлатӣ Директори Агентии омор бо аҳли заҳмати ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун вохӯрӣ доир менамоянд.

 

Другие новости