Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

02.08.2011
Ҷаласаи якуми Гурӯҳи корӣ оид ба нашри расмии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 баргузор гардид

 2 августи соли 2011ҷаласаи якуми Гурӯҳи корӣ оид ба нашри расмии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010 дар Агентӣ баргузор гардид.

Ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва мутахассисони соҳавии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидаанд.

Ҷаласаро Директори Агентӣ - Муҳаммадиева Б.З. бо сухани муқаддимавӣ оид ба мақсад ва вазифаҳои ташкил намудани Гурӯҳи корӣ оид ба нашри нашри расмии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 оғоз бахшиданд. Дар баромади худ Директор дар бораи баъзе мафҳумҳо ва нуқтаҳои методологиии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гуфта гузаштанд.

Дар ҷаласа Консепсияи паҳнкунии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дида баромада шуд. Консепсия аз се марҳилаи чопи натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил иборат буда, 10 ҷилди нашри расмӣ ва 6 навбат ҷадвалҳои бароришии нативаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилро дар бар мегирад. Пас аз муҳокима ва иловаҳои зарурӣ, Консепсия аз тарафи аъзоёни Гурӯҳи корӣ тасдиқ карда шуд.

Ҳамчунин Гурӯҳи корӣ бо мундариҷаи ҷадвалҳои бароришӣ (ҳамагӣ - шаш навбат) ва лоиҳаи ҷадвалҳои бароришии навбати якум шинос шуда, оид ба лоиҳаҳои пешниҳодшуда фикру ақидаҳои худро баён намуданд.

Баргузории ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ ба охири семоҳаи сеюми соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.
 

 

 

Другие новости