Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

05.08.2011
Директори Агентии омор ба Роғун сафар намуданд.

1 августи соли 2011. Бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои тайёрӣ барои дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани 20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи сеюм ба шаҳри Роғун сафари хизматӣ анҷом доданд.

Сарраввал иҷрои нақшаҳои чорабиниҳо дар ҷаласаи ситоди ноҳиявӣ оид ба ҷашни Истиқлолият дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун мавриди таҳлил қарор дода шуд. Вобаста ба тезонидани корҳо дар самти ба истифода додани сохтмонҳои ҷашнӣ, оро додани кӯчаю биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ, таҳрезии барномаҳои истироҳатию фарҳангӣ ва варзишӣ маслиҳатҳои муфид қабул шуданд.

Сипас вохӯрии Директори Агентии омор бо аҳли ҷамоатчигии шаҳраки Оби гарм сурат гирифт. Бо нутқи муфассал дар назди ҳозирин оид ба дастовардҳои шаҳри Роғун дар 20 соли сипаригардида, Муҳаммадиева Б.З. баромад намуда, дар бораи рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ва фарҳангии Роғун бо нишондодҳои оморӣ далелҳо оварданд. Қайд карда шуд, ки дар 20 соли сипаригардида истеҳсоли ғалладонагиҳо 2,1 маротиба, картошка 5,6 маротиба, сабзавот – 124 маротиба, меваю буттамева – 17,7 маротиба зиёд шуда, саршумори чорвои калони шохдор ба андозаи 2,7 маротиба ва оилаи занбӯри асал бошад, 12,7 мартиба рӯ ба инкишоф ниҳодааст.

Дигар баромадкунандагон вобаста ба ғамхорию дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ миннатдорӣ намуда, аз соҳибистиқлолиии Тоҷикистон шукргузор буданд.

Дар назар аст, ки Директори Агентии омор бо аҳли заҳмати дигар ҷамоатҳои деҳоти Роғун вохӯрӣ доир менамоянд.  

Другие новости