Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

28.07.2011
Директори Агентии омор аз шаҳри Роғун сафари хизматӣ анҷом доданд.

Мутобиқи нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади шинос шудан бо рафти корҳои омодагирӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 20 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Б.З.Муҳаммадиева, ки намояндаи масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бори дуюм рӯзҳои 19-20 июли соли 2011 аз шаҳри Роғун сафар доштанд.

Мақсади асосии сафари мазкур аз наздик шинос шудан бо рафти омодасозӣ, ба истифодадиҳии иншоотҳои сохтмонии ҷашнӣ дар ҳудуди шаҳр ва гирду атрофи он, таъмиру таҷдиди биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ, тозаю озода намудани кӯчаю хиёбонҳо, омода намудани шиору плакатҳо барои ҷашни истиқлолият, омода намудани барномаҳои варзишию фарҳангӣ ва фароғатӣ ва ғайраҳо иборат буд.

Директори Агентии омор бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Роғун, аъзоёни ситоди шаҳри Роғун оид ба таҷлили ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 19 нафар иборат буданд, дар бинои ҳукумати шаҳр вохӯрии якҷоя доир намуданд.

Дар вохӯрӣ Нақшаи кории ситод вобаста ба ҷашни дар пеш истода, иҷрои чорабиниҳо таҳлил гардид ва қайд шуд, ки то ҷашни истиқлолият рӯзҳои башумор мондааст, аз ин рӯ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидан зарур меояд.

Вохӯрии навбатии Директори Агентии омор бо аҳолии шаҳри Роғун, шаҳраки Обигарм, ҷамоати Қади об ва ҷамоати Сичароғ дар назар аст. 

Другие новости