Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

27.07.2011
Роҳбарияти Агентии омор бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ гузаронид.

 25 июл. Дар нишасти матбуотӣ намояндагони 11 рӯзномаҳо, телевизион, радио аз он ҷумла: Рӯзномаҳои «Садои мардум», «Тоҷикистон», «Вечерка», «Миллат», «Халқ овози», Телевизион: «Шабакаи-1», «Ҷаҳоннамо», «Сафина», Радио: «Ховарӣ», «Овози тоҷик» ва ғайра иштирок доштанд.
Нишасти матбуотиро Директори Агентӣ - Муҳаммадиева Б.З. оғоз намуда ба иштироккунандагон «Пресс-релиз» оид ба фаъолияти мақомоти омори давлатӣ ва натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ дар семоҳаи якуми соли 2011 пешниҳод намуданд.

Баъд аз шинос шудан бо натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2011 намояндагони воситаҳои ахбор ба саволу ҷавоб шурӯъ намуданд.

Саволҳои рӯзноманигарон асосан доир ба таъмини мӯътамаднокии ҳисоботҳои оморӣ, омода намудани маълумотҳо оид ба фавти кӯдакони навзод, кӯдакон ва модарон, никоҳ ва талоқ, дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, муҳоҷирони меҳнатӣ, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ, истеҳсоли гандум ва ғайраҳо иборат буд.

Ба саволҳои иштирокчиёни нишасти матбуоти Директори Агентӣ - Муҳаммадиева Б.З., Муовинони Директори Агентӣ, Сардорони Раёсату шӯъбаҳои Дастгоҳи Марказии Агентӣ ҷавоб доданд.
Иштирокчиёни нишасти матбуотӣ ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.

Другие новости