Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

21.07.2011
Бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба Стратегияи миллии рушди омор дар Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016 (СМРО) баргузор гардид.

 15 июли соли 2011 бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба Стратегияи миллии рушди омор дар Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016 (СМРО) баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ роҳбарияти Агентии омор, коршиноси байналмилалӣ аз Бонки умумиҷаҳонӣ ҷаноби Тони Уилямс, намояндагони 12 вазорату идора, гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи СМРО иштирок намуданд.
Дар мавзӯи «СМРО чист ва мундариҷаи СМРО» ҷаноби Тони Уилямс баромад карда қайд намуд, ки нақшаи стратегӣ системаи миллии омор бо назардошти он ки кӣ маълумотро пешниҳод мекунад, таҳлил мегузаронад, маълумотро паҳн намуда онро истифода мебарад, дар бар мегирад. Дар стратегияи нав муносибатҳо бо мақсади ташаккури системаи омори миллӣ (ТОМ) ва таъмини сохтори ҳамоҳангшуда , ки ҳақиқатан ба системаи омори муташаккил оварда мерасонад, бояд кор карда баромада шаванд.

Дар бораи равандҳои коркарди СМРО мувоини Директор – Норов Қ.Д. баромад намуд. Ӯ қайд кард, ки моҳи январи соли равон гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи барномаи навбатии бисёрсолаи омор барои давраи солҳои 2011-2016 таъсис дода шуд. Дар заминаи ҳуҷҷати мазкур бо назардошти такмили омори байниидоравии вазорату идораҳои гуногун, инчунин талаботи истифодабарандагони омори расмӣ зарур аст, ки Стратегияи миллии рушди омор таҳия карда шавад.

Хамчунин намоиши натиҷаҳои тадқиқоти дуюми истифодабарандагон , ки моҳҳои май-июни соли 2011 гузаронида шуда буд, баргузор гардид (Гукасова Т.П. баромад намуд). Тадқиқот бо мақсади беҳтар намудани сифати маълумотҳо ва чопи онҳо, сомона (вебсайт) ва хизматҳои пешниҳодшаванда, инчунин хамроҳ намудани таклифу пешниҳодҳои истифодабарандагон ба лоиҳаи нав гузаронида шуда буд.

Дар баромадҳои намояндагони вазорату идораҳо оид ба ҳамкориҳои судманд бо Агентии омор, дар бораи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва вазифаҳо барои ҳамроҳ намудан ба стратегияи нави миллии рушди омор қайд гардид.

Дар охир Директори Агентии омор Муҳаммадиева Б.З.қайд намуд, ки аз ҳамаи вазорату идораҳо саволномаро дар бораи баҳодиҳии ҳолати ҷории маълумотҳои оморӣ, ки вазорату идораҳои соҳавӣ ташаккул медиҳанд, стратегия ва барномаҳо доранд, зарур меояд, чунки нахустин маротиба нақшаи рушди соҳаи омор ҳамаи талаботҳои вазорату идораҳое, ки бо ташаккули омор сару кор мегиранд, дар бар мегирад. Зарур аст, ки то моҳи октябри соли 2011 лоиҳаи ниҳоии Стратегияи миллии рушди омор (СМРО) омода карда шавад ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донорҳои байналмилалӣ пешниҳод карда шавад.
 

Другие новости