Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

30.06.2011
Баргузории мизи мудаввар бо намояндагони васоити ахбори омма

Ҷиҳати шинос намудани истифодабарандагон бо ахбороти оморӣ, 20 июни соли ҷорӣ дар бинои Агентӣ мизи мудаввар бо намояндагони васоити ахбори омма дар мавзӯи «Натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010», баргузор гардид. 

Мақсади гузаронидани мизи мудаввар аз шиносоӣ, муҳокима ва таҳлили натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, инчунин ҷойгир намудани иттилооти мазкур дар шабакаҳои телевизион, радио ва дар саҳифаҳои ашрияҳои даврӣ, иборат буд. 

Иштирокчиёни мизи мудаввар бо мазмуну таркиби натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ба таври муфассал шинос карда шуданд ва чанде аз маводи таҳлилии мутаносиб ба барӯйхатгириҳои солҳои пешин манзурашон гардид.  

Дар рафти кори мизи мудаввар марҳилаҳои асосии коркарди варақаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, ки айни замон дар Агентии омор амалӣ гашта истодааст, шарҳ дода шуданд.  

Қайд карда шуд, ки ҷамъбасти натиҷаҳои интиҳоии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар охири семоҳаи чоруми соли 2011 ба нақша гирифта шудааст. 

Мизи мудаввар бо дастгирии молиявии Хазинаи Нуфуси СММ (UNFPА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.
 

Другие новости