Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

31.05.2011
Коршиноси Консортсиум методологияи баҳодиҳии иқтисодиёти мушоҳиданашавандаро гузаронд

26 май. Дар доираи Лоиҳаи «Устуворгардонии системаи миллии омор» (ТОҶСТАТ) бо мақсади гузаронидани ташрифи навбатии ташхисӣ оид ба масъалаи иқтисодиёти гайри- расмӣ ба Агентӣ коршиноси байнамиллалӣ аз идораи омори Чехия ҷаноб Ҷири Воправил ташриф овард.

Мақсади асосии ташрифи коршинос - баҳодиҳии иқтисодиёти ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон бо истифодаи методологияи тартибдодааш дар ташрифоти пешина ва инчунин ворид намудани ин нишондиҳандаҳо ба системаи ҳисобҳои миллӣ мебошад. Ташрифи коршинос то 1 июни соли 2011 давом меёбад.

Қайд кардан зарур аст, ки ин панҷум ташрифи коршинос аз Чехия мебошад. Дар ташрифоти пештарааш коршинос ҳамаи манбаҳои маводҳоро таҳлил намуда, оиди он маводҳо якчанд пешниҳодҳо карда буд. Кормандони Агентӣ методологияи байналмиллалии баҳодиҳии иқтисодиёти ғайрирасмиро омӯхта, бо таҷрибаи давлати Чехия шинос шуда буданд.

Якҷоя бо кормандони Агентӣ, коршинос методологияи тартибдодаашро оиди баҳодиҳии иқтисодиёти ғайрирасмӣ ва ворид намудани он ба системаи ҳисобҳои миллӣ ба итмом мерасонад..  
Пешбинӣ шудааст, ки дар ҷамъбасти ин ташриф коршинос ба кормандони Агентӣ иҷроиши кори худро намоиш хоҳад дод.  

 

Другие новости