Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

19.05.2011
Пахши иттилоотӣ. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба анҷом ёфтани лоиҳаи «Устуворгардонии системаи миллии омори Тоҷикистон» (ТОҶСТАТ) конфронси ҷамъбастиро мегузаронад.

 18 майи 2011с. Имрӯз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба анҷом ёфтани лоиҳаи «Устуворгардонии системаи миллии омори Тоҷикистон» (ТОҶСТАТ) конфронси ҷамъбастиро мегузаронад. Мақсади конфронси мазкур ҷамъбастнамоии лоиҳа ва рушди минбаъдаи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016 мебошад. Дар конфронс 75 намояндагон, аз он ҷумла кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Ҷаҳонӣ, Вазорати Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ (DFID) ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ба иштирокчиён на танҳо натиҷаҳои ҷории лоиҳа, инчунин лоиҳаи якуми Барномаи Ягонаи Бисёрсолаи Омор (БЯБО 2) барои солҳои 2011-2016 пешниҳод гардид. Барномаро гурӯҳи кории навтаъсисдодаи Агентӣ бо дастгирии коршиносон аз кишварҳои консортсиум (Олмон, Дания, Шветсия, Словакия ва Чехия), таҳия намудааст. Мақсади асосии пешниҳодсозии БЯБО ба доираи васеи иштирокчиён – гирифтани андешаю тақриз ва таклифоти ҷонибҳои ҳавасманди маҳаллию байналхалқӣ, пеш аз пешниҳод намудани барнома ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои донорӣ буд.

 Дар ҷараёни амалисозии барномаи «Устуворгардонии системаи миллии омори Тоҷикистон» аз моҳи июли соли 2006 то моҳи майи соли 2011 қабули матни нави қонун «Дар бораи омори давлатӣ», насби шабакаи локалӣ ҷиҳати алоқа бо мақомоти маҳаллии омор, хариди 80 адад компютерҳо барои шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳсозии қайдгирии таваллуд, фавт ва никоҳ дар ҳамаи шӯъбаҳои САҲШ дар миқёси мамлакат, гирифтани 137 адад компютер, дастгоҳҳои чопкунӣ барои мақомоти маҳаллии омор, хариди 13 адад автомобил, таъминнамоии 95 ташрифҳои коршиносӣ аз рӯи 33 зерҷузъҳои лоиҳа, ташкили зиёда аз 33 сафарҳои шиносоӣ барои 107 мутахассисини Агентӣ ба идораҳои оморӣ ва дигар муассисаҳои давлатии Олмон, Швейтсария, Шветсия, Словакия, Украина, Россия, Қазоқистон ва Туркия анҷом дода шуд.

Лоиҳаи ТОҶСТАТ, ки дар моҳи июли 2006 оғоз гардидааст, аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (Бонки Ҷаҳонӣ), Агентии Шведии Рушди Байналмилалӣ ва Ҳамкорӣ (SIDA), Вазорати Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ(DFID) ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст. Маблағи умумиии лоиҳа 5 млн. 85 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. 

Мақсади асосии лоиҳа – расонидани ёрӣ ба модернизатсия ва беҳсозии самаранокӣ ва самарабахшии низоми миллии омор ҷиҳати таъмин намудани маълумоти воқеӣ, саривақтӣ ва мӯътамад барои таҳияи стратегияҳои бо фактҳо асосёфта дар самти дастгирии стратегияи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ҷараёни рушди иқтисодӣ мебошад. 

Лоиҳа аз якчанд ҷузъ (компонент)-ҳо, монанди, рушди сохторӣ (институтсионалӣ), рушди нерӯи инсонӣ, рушди зерсохтории омор, таҳияи ва коркарди маълумотҳои оморӣ, зерсохтори моддӣ ва таҷҳизотҳо таркиб ёфтааст. 


 

Другие новости