Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

12.05.2011
Омӯзишӣ оиди барномаи AdePT

4.05.2011с. Бо назардошти он, ки маълумотҳои тавсифкунандаи зуҳуротҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сатҳи мамлакат асосан дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ ва коркард карда мешаванд, бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо аз 3-юм то 6-уми майи соли 2011 дар Агентӣ семинари омӯзишӣ оиди барномаи AdePT шуда гузашт. Семинар машғулиятҳои назариявию амалӣ бо истифода аз барномаи AdePT , инчунин масъалаҳои таҳлили камбизоатӣ, нобаробарии даромадҳо ва самаранокии барномаҳои ҳифзи иҷтимоиро дар бар гирифт.

Барномаи AdePT дар идораи тадқиқоти Бонки Ҷаҳонӣ таҳия шудааст ва имкон медиҳад, ки бо сарфаи вақти кам, маҷмӯи натиҷаҳои аналитикӣ – ҷадвалҳо ва графикҳо барои таҳлил дар соҳаҳои гуногуни тадқиқотҳои иқтисодӣ таҳия карда шавад.

Омӯзиши мазкур бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ ва Вазорати Британияи Кабир оид ба рушди байналмиллалӣ (DFID) ташкил шуда дар он 16 нафар мутахассисон аз вазорату идораҳо: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва як қатор ташкилотҳои ғайридавлатии тадқиқотӣ иштирок намуданд. Машғулиятҳои назариявию амалиро мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ Михаил Локшин ва Зураб Саҷая гузарониданд.



 

Другие новости