Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

04.05.2011
Дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Устуворгардонии системаи миллии омор» (ТОҶСТАТ) семинар бахшида ба «Дастурамали омори молияи давлатии соли 2001» (СГФ-2001, МВФ), ки аз 26 то 28 апрели соли 2011 давом ёфт, кори худро ба анҷом расонид.

Дар ин семинар мутахассисони Агентии омор ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.
Кори семинари мазкурро коршиносони омори Дания роҳбарӣ карда, яке аз масъалаҳо ба низоми пешбурди омори молияи давлатии Дания мутобиқи Дастурамали дар боло зикр шуда бахшида шудааст.  

Қайд кардан зарур аст, ки заминаи асосии омори молияи давлатиро маълумотҳои Вазорати молияи ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд. Дар ташрифи шиносоии соли 2010 коршиносон ба хулоса омадаанд, ки таснифоти даромад ва хароҷоти давлатӣ ба Дастурамали Хазинаи байналхалқии асъор мутобиқ гардонида шавад ниёз дорад.

Иштирокчиёни семинар бо Дастурамал ва қисмҳои асосии он, низоми пешбурди омори молияи давлатии Дания, усули қайди даромад ва хароҷотҳо аз наздик шинос шуданд.

 

 

Дар назар аст, ки дар оянда, мутахассисони Агентӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи ҷумҳурӣ корро дар ин самт идома медиҳанд.

 

Другие новости