Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

26.04.2011
Роҳбарияти Агентии омор бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ гузаронид.

25 Апрел. Дар нишасти матбуотӣ намояндагони зиёда аз 20 рӯзномаҳо, телевизион, радио аз он ҷумла: Рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Азия Плюс», «Тоҷикистон», «Паёми Душанбе», Маҷаллаҳои «Озодагон», Телевизион: «Шабакаи-1», «Ҷаҳоннамо», «Сафина», Радио: «Радиои Озодӣ», «Имрӯз» ва ғайра иштирок доштанд.
Нишасти матбуотиро Директори Агентӣ - Муҳаммадиева Б.З. оғоз намуда ба иштироккунандагон «Пресс-релиз» оид ба фаъолияти мақомоти омори давлатӣ ва натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ дар семоҳаи якуми соли 2011 пешниҳод намуданд.

Баъд аз шинос шудан бо натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар семоҳаи якуми соли 2011 намояндагони воситаҳои ахбор ба саволу ҷавоб шурӯъ намуданд.

Саволҳои рӯзноманигарон асосан доир ба таъмини мӯътамаднокии ҳисоботҳои оморӣ, омода намудани лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барӯйхатгирии кишоварзӣ», рафти татбиқи Лоиҳаи «Устуворгардонии системаи миллии омор», воридот ва содироти молу маҳсулот, муҳоҷирони меҳнатӣ ва интиқоли маблағҳо ва ғайраҳо иборат буд.

Ба саволҳои иштирокчиёни нишасти матбуоти Директори Агентӣ - Муҳаммадиева Б.З., Муовинони Директори Агентӣ, Сардорони Раёсату шӯъбаҳои Дастгоҳи Марказии Агентӣ ҷавоб доданд.
Иштирокчиёни нишасти матбуотӣ ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.
 

Другие новости