Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

22.04.2011
Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор

 21 Апрел. Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар семоҳаи якум ва вазифаҳои навбатӣ то охири соли 2011 баргузор гардид.

Бо маърӯзаи доманадор дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якум ва вазифаҳои мақомоти омори давлатӣ барои соли 2011 Директори Агентӣ – Муҳаммадиева Б.З. баромад намуд. Ҳамчунин дар бораи фаъолияти мақомоти омор дар маҳалҳо сардорони сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо ваш .Душанбе ҳисобот доданд.

Дар мушовара роҳбарияти Агентии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаи МКҲ, роҳбарони мақомоти омори вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин намояндаи вазорату идораҳо иштирок доштанд. Дар ҷамъбаст қарори дахлдор оид ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда қарор қабул карда шуд.

Инчунин дар мушовара Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда шуд. Ба мақомоти омор барои тартиб додани нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳалли масалаҳое, ки аз Паёми Президенти кишвар бармеоянд, супоришҳои мушаххас дода шуд.


 

Другие новости