Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

27.04.2011
Машварати навбатии коршиносони омори соҳаи кишоварзӣ аз давлати Дания

 Дар доираи лоиҳаи «Устуворгардонии Системаи миллии омор» ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 то 16 апрели соли 2011 ташрифи коршиносони Дания Лине Риберхолдт ва Карстен Ларсен баргузор гардид. Дар рафти ташриф масъалаҳо доир ба тадқиқотҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагиҳои аҳолӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳамчунин тарзи интихоб, гурӯҳбандии хоҷагиҳо, гузаронидани тадқиқот ва ҷамъбасти умумии нишондиҳандаҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ дар сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ баррасӣ карда шуданд.

Коршиносон бо натиҷаҳои тадқиқот, ки дар хоҷагиҳои аҳолии деҳот дар моҳҳои ноябр ва декабри соли 2010 гузаронида шуда буд, шинос карда шуданд.  Натиҷаҳои тадқиқоти хоҷагиҳои аҳолии деҳот дар охирҳои моҳи июн соли 2011 аз чоп бароварда мешаванд.

 

Другие новости