Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

27.04.2011
Агентии омор ҷадвали таҷрибавии «Захираҳо - Истифодабарӣ»-ро тартиб дода истодааст.

 Дар доираи Лоиҳаи «Устуворгардонии системаи миллии омор» (ТОҶСТАТ) бо мақсади гузаронидани ташрифи навбатии ташхисӣ оид ба масъалаҳои тартиб додани ҷадвали таҷрибавии «Захираҳо - Истифодабарӣ» ба Агентӣ коршиноси байнамиллалӣ аз идораи омори Словакия, хонум Виера Хажновикова ташриф овард.

Мақсади асосии ташрифи коршинос аз тартиб додани ҷадвали таҷрибавии «Захираҳо - Истифодабарӣ» бо қисматҳо барои соли 2008 иборат буд. Ташрифи коршинос то 23 апрели соли 2011 идома ёфт.

Қайд кардан зарур аст, ки ин дуюм ташрифи коршинос аз Словакия мебошад. Дар ташрифи якум, коршинос манбаи маълумотҳоро таҳлил намуда, оиди ин ҷадвал якчанд қисматҳо тайёр карда буд, кормандони Агентӣ тартиб додани ҷадвалҳоро мутобиқи методологияи байналмиллалӣ омӯхта, бо таҷрибаи давлати Словакия шинос шуда буданд.  
 

Якҷоя бо кормандони Агентӣ коршинос ҷадвали тартибдодаи «Захираҳо - Истифодабарӣ»-ро аз рӯи намудхои маҳсулоти компонентҳои асосӣ тартиб дод, ки он аз зеркомпонентҳои асосии ин кор мебошад.




 

Другие новости