Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

13.04.2011
Дар шаҳри Бонн вохӯрии мушовирӣ вобаста ба тайёрӣ барои барӯйхатгирии кишоварзӣ баргузор гардид.

 12 Апрел. Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Муҳаммадиева Б.З. дар доираи лоиҳаи «Устуворгардонии системаи миллии омор (ТОҶСТАТ)» бо мушовири калони Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) ҷаноби Марина Мраз ва коршиноси Идораи омори Олмон – ҷаноби Инно Вернике вохӯрӣ анҷом дод.

Ҳадафи асосии вохӯрии навбатии коршиносон оид ба тайёрӣ барои гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ буд. Тарафҳо оид ба ҳамкориҳои судманди ҳамдигарфаҳмӣ барои таҳрезии лоиҳаи барӯйхатгирии кишоварзӣ, ки бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, ба мувофиқа омаданд.

Дар рафти вохӯрӣ коршиносон ба ақидаи ягона омаданд, ки ҳангоми таҳрезии ҳуҷҷати мазкур Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010-2015, Ҳисоботи Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, Натиҷаҳои тадқиқоти «Қувваи корӣ» ва тавсияҳои Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ба инобат гирифта шаванд.

Коршиносон баромад намуда, тавсияҳои худро пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, коршинос аз Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) Мариан Мраз иштирокчиёнро оид лоиҳаи «Кор карда баромадани сиёсати макроиқтисодӣ» ва алоқамандии лоиҳаи мазкур бо барӯйхатгирии кишоварзӣ ва Агентии омор шинос намуд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин Муовини Директори Агентии омор – Қиёмуддин Норов баромад карда, ҳозиринро бо ҳадафҳо ва вазифаҳои чорабинии мазкур, зарурати кӯмаки мушовирӣ вобаста ба таҳрезии ҳуҷҷати мазкур, ки моҳи июли соли 2011 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад, маълумот дод.

 

Другие новости