Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

11.04.2011
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳои мушовириро бо коршиносони Идораи омори Олмон дар масъалаи таҳрезии Барномаи ягонаи бисёрсолаи омор барои солҳои 2011-2016 мегузаронад.

8 Апрел. Кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Устуворгардонии системаи миллии омор (ТОҶСТАТ) бо роҳбари Директори Агентӣ – Муҳаммадиева Б.З. ба шаҳри Бонни Олмон сафар намуданд.

Дар рафти боздид гурӯҳ вохӯриҳои мушовириро бо коршиносони Идораи омори Олмон вобаста ба масъалаи таҳрезии Барномаи ягонаи бисёрсолаи омор (БЯБО-2) барои солҳои 2011-2016 мегузаронад. Лоиҳаи ҳуҷҷати мазкур бо иштироки бевоситаи Консортсиум, ки аз панҷ давлати аврупоӣ (Олмон, Дания, Шветсия, Словакия ва Чехия) иборат аст, ба тозагӣ омода гардидааст.

Баъди аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ маъқул ҳисобидани ҳуҷҷати мазкур он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, инчунин ташкилотҳои байналхалқие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, пешниҳод карда мешавад.

Ҳамчунин гурӯҳ тасмим гирифтааст, ки бо ҷаноби Мариан Мраз - коршиноси Ташкилоти Олмонии Ҳамкории Техникӣ (GIZ) вобаста ба масъалаи пешниҳоди кӯмаки мушовирӣ барои омодагирии барӯйхатгирии кишоварзӣ вохӯрӣ анҷом диҳад. Боздид то 13 апрели соли 2011 давом меёбад.  
 

Другие новости