Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

04.04.2011
Агентии омор ба марҳилаи ниҳоии таҷрибавии тартибдиҳии ҳисобҳои миллии семоҳа мегузарад

Дар доираи Лоиҳаи «Устуворгардонии системаи миллии омор» (ТОҶСТАТ) бо мақсади гузаронидани ташрифи навбатии ташхисӣ оид ба масъалаҳои тартиб додани ҳисобҳои миллии семоҳа ба Агентӣ коршиноси байналмилалӣ аз идораи омори Словакия, ҷаноби Адрей Микуш ташриф овард.  
 

Мақсади асосии ташрифи мазкур аз ҷамъбаст намудани баҳисобгирии таҷрибавии Маҳсулоти умумии дохилӣ (МУД) аз рӯи семоҳаҳо иборат аст. Ташрифи коршинос то 2 апрели соли 2011 давом меёбад.
 

Қайд кардан зарур аст, ки коршинос аз Словакия оид ба масъалаи тартиб додани ҳисобҳои миллии семоҳа дар давоми се соли охир кор бурда истодааст. Дар давраи сипаригардида кормандони Агентӣ методологияи байналмилалии тартиб додани ҳисоби семоҳаи МУД-ро бо ду усул: усули истеҳсолӣ ва усули хароҷотҳо барои истеъмолоти ниҳоӣ аз худ намуда, бо таҷрибаи Словакия ва Олмон дар ин самт шинос гардиданд.
 

Баъди маъқул шуморидани баҳисобгирии таҷрибавии тартиб додани Маҳсулоти умумии дохилӣ (МУД) аз ҷониби коршиноси байналмилалӣ, Агентӣ дар давоми соли ҷорӣ пурра ба баҳисобгирии Маҳсулоти умумии дохилии семоҳа мегузарад.
 

Другие новости