Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

28.03.2011
Кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишӣ-шиносоиро оид ба дизайни саволномаҳои стандартӣ дар Хадамоти федеролии омори Олмон, шаҳри Висбаден гузаштанд

Мақсади асосии курси мазкур шиносоии намояндагони тоҷик бо ҷараёни банақшагирӣ ва коркарди саволномаҳои оморӣ дар Хадамоти федеролии омори Олмон, ҳамчунин омӯзиши коркарди rоидаҳо ва риояи шартҳои асосӣ оид ба тайёр кардани саволномаи стандартии оморӣ барои раёсатҳои соҳавии омор.

Ба вазифаҳои курс, омӯзиши таҷрибаи ҳамкорони олмонӣ барои коркарди саволномаҳои стандартии оморӣ барои гузаронидани тадқиқотҳо ва ҷорӣ намудан дар сохтори омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, дохил мешуданд.

Иштирокчиёни курс бо усулҳои миқдорӣ ва сифатии санҷишии саволномаҳои оморӣ дар шароити лабораторӣ бо истифодабарии таҷҳизотҳои замонавӣ (видеокамера, микрофонҳо, компютерҳо бо пайваст шудан бо видеокамераҳо), Ҳамчунин бо истифодабарии барномаи компютерии Adobe In Design (тафсири 3-юм) бо имкониниятҳои бисёрвазифавӣ, ки барои дизайни ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии оморӣ истифода бурда мешавад, шинос гардиданд. 

 

Другие новости