Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

24.01.2011
Дар Агентӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

 Дар нишасти матбуотӣ намояндагони зиёда аз 25 рӯзномаҳо, телевизион, радио аз он ҷумла: Рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Халқовозӣ», «Азия Плюс», «Тоҷикистон», «Паёми Душанбе», Маҷалаҳои «Озодагон», «Бонувони Тоҷик», Телевизион: «Шабакаи-1», «Ҷаҳоннамо», «Сафина», Радио: «Радио Тоҷикистон», «Имрӯз» ва ғайра иштирок доштанд. 
 

Нишасти матбуотиро Директори Агентӣ Муҳаммадиева Б.З. оғоз намуда ба иштироккунандагон «Пресс-релиз» оид ба фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар соли 2010 пешниҳод намуданд.
Баъд аз шинос шудан бо натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар соли 2010 намояндагони воситаҳои ахбор ба саволу ҷавоб шурӯъ намуданд. 
 

Саволҳои рӯзноманигарон асосан доир ба гузаронидани маъракаи умумиҷумҳуриявӣ – барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, камбудиҳои ҷойдошта ва тарзи бартараф кардани онҳо, оғоз намудани коркарди маводҳои барӯйхатгирии аҳолӣ, натиҷаҳои аввалияи вай буд. Ғайр аз ин саволҳо доир ба таҳия намудани сабати истеъмолӣ, баланд рафтани нархҳо дар бозорҳо хусусан оид ба маҳсулотҳои озуқаворӣ, ҷараёни кишту кор, ҷамъоварии ҳосил дар соли 2010, ҷудо намудани қитъаҳои замин, оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, пардохт намудани нафақа ва ғайра. 
Ба саволҳои иштирокчиёни нишасти матбуоти Директори Агентӣ Муҳаммадиева Б.З. Муовинони Директори Агентӣ, Сардорони Раёсату шӯъбаҳои Дастгоҳи Марказии Агентӣ ҷавоб доданд. 
Иштирокчиёни нишасти матбуотӣ ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.

 

 

Другие новости