Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

27.01.2011
Агентии омор ҷаласаи навбатии гурӯҳи кориро гузаронид

25 январи соли 2011. Имрӯз ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамоҳангсозии Лоиҳаи «Устуворгардонии системаи миллии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Кумитаи ҳамоҳангсозиро Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайати Кумитаи ҳамоҳангсозии лоиҳа Директори Агентии омор, муовининони вазирони молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва муовини Бонки миллии Тоҷикистон шомиланд. Дар кори ҷаласа аъзоёни Кумита, намояндагони вазорату идораҳои мамлакат (ҳамагӣ 5 вазорат ва 13 нафар иштирокчиён) ҳозир буданд.  

Ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозии Лоиҳаро Директори Агентии омор – Муҳаммадиева Б.З. кушода, ҳамаи иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт. Аз ҷумла ӯ қайд намуд, ки кори Кумита ба принсипҳое, ки мақомоти омори давлатҳои Аврупо ва донорҳо қобили қабул медонанд, асос ёфтааст.

Сипас мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маҳкамова М. ба сухан баромада, зикр намуд, ки оид ба рафти татбиқи лоиҳаи мазкур тавассути сомонаи Агентӣ доимо иттилоот мегирад ва бисёр хуб мешавад, ки имрӯз натиҷаҳои ба дастомада дар давоми шаш моҳи сипаригардида баррасӣ карда шаванд.

Дар рафти кори ҷаласа ҳисоботи ҳамоҳангсози Лоиҳа – Сафаров Бахтиёр дар бораи фаъолияти лоиҳа аз моҳи июл то моҳи декабри соли 2010 шунида шуд. Дар давоми баромади иштирокчиён баҳсгузориҳо дар бораи қадамҳои минбаъда сурат гирифт ва нақшаи ниҳоии кори лоиҳа барои нимсолаи якуми соли 2011 пешниҳод карда шуд.

Директори Агентии омор фикру мулоҳизаи ҳамаи иштирокчиёни ҷаласаро дар бораи ҳамкориҳои минбаъда ҷамъбаст намуд. Аз ҷумла Директори Агентӣ қайд намуд, ки Лоиҳа баъди панҷ моҳ ба итмом мерасад ва дар ин муддат бо кӯмаки коршиносон мо тасмим гирифтем, ки Барномаи ягонаи бисёрсолаи омор (БЯБО-2)-ро таҳия созем. Лоиҳаи ин барнома, ки зиёда аз 140 масъалаҳои гуногуни соҳаи оморро дар бар мегирад, дар асоси ҳуҷҷатҳои Стратегияи миллии рушд, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба коршиносон пешниҳод карда шудааст. Дар сурати сари вақт омода гардидани барнома, интизор меравад, ки Лоиҳа идома дода шавад ё ин ки татбиқи лоиҳаи нав ба роҳ монда шавад. Ногуфта намонад, ки таҳияи чунин барнома тибқи тавсияи Бонки умумиҷаҳонӣ ва дигар донорҳо ба сомон расонида мешавад.
Ғайр аз ин, лоиҳаи барнома бо вазорату идораҳои дахлдор ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешавад.

 

Другие новости