Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

12.01.2018
Ҷаласаи васеи мушовара Агентии омор

10 январи соли 2018 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2018» бо иштироки сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омори ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шуъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ, Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-и Агентӣ ва даъватшудагон: сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, аз вазорату кумитаҳо аз ҷумла: Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Хадамоти гумрук ва дигар иштирокдорон баргузор гардид.

 
Маҷлиси мушовараро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ифтитоҳ намуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фармонҳо, супоришҳо, дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоии фаъолияти худро ба роҳ монда вазифаҳои дар наздаш гузошташударо пурра иҷро кард. 
 
Сипас муовини аввали директори Агентӣ Шокирзода Ш. маърӯзаи пурраро оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омор дар соли 2017 бапуррагӣ қироат намуд. 
Дар соли 2017 дар маҷмуъ 9,8 ҳазор корҳои оморӣ иҷро карда шуданд, ки таъмини иҷрои корҳои дар ин давра банақшагирифташударо ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ тибқи Барномаи корҳои оморӣ 13 таҳқиқотҳои интихобии оморӣ гузаронида шуд.
Дар асоси натиҷаҳои ду таҳқиқотҳои дар доираи Лоиҳаи Стратегияи миллии рушди омор гузаронидашуда аз ҷумла таҳқиқоти истифодабарандагони об ва таҳқиқоти қувваи корӣ ҳисоботи таҳлилӣ омода карда шуд.
 
Дар соли 2017 ба Агентии омор 103 қонуну қарорҳо, 575 супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1528 мактубҳои вазорату идораҳо, 516  мактубҳо аз мақомоти маҳаллии омор, 248 мактубҳо ба воситаи Ҳукумати электронӣ ва почтаи электронии Агентӣ  сари вақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳои дахлдор фиристода шуданд.
Мунтазам маълумотҳо омода ва гузоришҳою маҷмӯаҳои оморӣ таҳия шуда, саривақт ба истифодабарандагон пешниҳод шуданд. Инчунин бо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ ҳамкории мутақобилаи судманд ба роҳ монда шудааст.
 
Дар Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2018 иҷрои беш аз 10 ҳазор корҳои оморӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар ин росто 334  шаклҳои ҳисоботҳои оморӣ аз ҷумла 71 ҳисоботи моҳона, 57 ҳисоботи семоҳа, 39 ҳисоботи нимсола, 167 ҳисоботи солона ва 13 таҳқиқотҳои интихобии оморӣ вобаста ба давриятҳо ҷамъоварӣ ва коркард карда мешаванд. Илова ба ин, дар Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2018 -ум таҳия ва нашр намудани 68 номгӯи маҷмӯаву буллетенҳо ва иттилоотӣ солонаи омории соҳавӣ пешбинӣ гардидааст.
 
 Сипас дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва Раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии омор дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд. 
 Дар баромади худ сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ аз фаъолияти мақомоти омор натиҷагирӣ намуда, қайд кард, ки ҷиҳати гузаштан ба ҳисоботҳои электронӣ ва ҳукумати электронӣ аз ҷонби мақомоти омор низ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. 
 
Дар ҷараёни ҷаласаи мушовара фикру андешаи меҳмонон аз дигар вазорату идораҳо низ шунида шуд.
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ба ҳамаи ҳозирин ҷиҳати ширкат ва ибрози нуқтаи назарашон доир ба ҳамкорӣ бо Агентӣ изҳори сипос намуд. Дар охири кори ҷаласа ба мақомоти омори маҳаллӣ ҷиҳати бопуррагӣ ва дақиқ баҳисоб гирифтани нишондиҳандаҳои соҳаҳои гуногун супоришҳои қатъӣ дода шуд
Другие новости