Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

17.11.2017
Тадқиқоти талаботе, ки барои истифодабарандагони омор гузаронида мешавад

Мӯҳтарам истифодабарандагон, 

Дар айни ҳол қонеъ гардонидани талаботи истифодабарандагон яке аз масъалаҳои афзалиятноки дар назди мақомоти омор истода, мебошад.

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар лоиҳаҳои оянда ба инобат гирифтани дархост ва пешниҳоди Шуморо ҷиҳати беҳтар намудани сифати маълумотҳои омории пешниҳодшаванда, нашрияҳои оморӣ, сомонаи расмии Агентии омор ва хизматрасонӣ ҷиҳати паҳн намудани маълумотҳо ба нақша гирифтааст. Инчунин бояд қайд кард, ки пешниҳодҳои Шумо дар таҳия ва амалишавии стратегияи рушди омор хеле назаррас мебошад.  
Фикру дархост ва пешниҳодҳои Шумо барои мо бениҳоят арзноканд, бо ин мақсад барои мо дастрас намудани пешниҳодҳои Шумо муҳим мебошад.
 
Бо ин мақсад тариқи пурсишномаи мазкур, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи истифодабарандагони иттилооти омориро нисбати дастрасии маълумотҳо, коркард ва панҳнамудани маълумотҳо ҷамъоварӣ мекунад. 
 
Барои ишора намудани ҷавоби ҳар як савол ба катаки холии нишондиҳанда аломати қайдро   нишон диҳед. Шумо саволномаро метавонед то 27 ноябри соли 2017 пур карда, ба мо бо воситаи почтаи электронӣ (stat@tojikiston.com), ё тавассути почта (734025 Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, Бохтар 17) дастрас намоед.
 
Ҳангоми пайдо шудани савол, эҳтиромона хоҳиш менамояем, ки барои баррасӣ ба мо муроҷиат намоед. 
Иҷозат диҳед, миттандории хешро барои ҳамкорӣ ва дастгирӣ иброз намоем!
 
Фарохонии PDF 0,6 MB
Другие новости