Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

23.10.2017
Ҷаласаи 12-уми Гурӯҳи кории омор дар чаҳорчӯбаи Барномаи махсуси СММ оид ба иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ (SPECA)

Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 то 26 октябри соли 2017 дар чаҳорчӯбаи Барномаи махсуси СММ оид ба иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ (SPECA) ҷаласаи 12-уми Гурӯҳи корӣ оид ба омор баргузор мегардад.

Вохӯрии мазкур бо даъвати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи иқтисодии Аврупои Созмони Милали Муттаҳид ва Ассотсиатсияи Савдои Озоди Аврупоӣ (EFTA) ташкил карда шудааст.

Дар кори ҷаласа илова ба масъалаи тиҷорати расмӣ, ки бо барномаи SPECA алоқаманди дорад, масъалаи истифодабарии маълумотҳои омории маъмурӣ барои пайгирии нишондиҳандаҳои ҳадафҳои рушди устувор муҳокима хоҳанд шуд.
 
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид, Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ оид ба Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP), Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ассотсиатсияи Савдои Озоди Аврупоӣ, Бюрои омори Норвегия, Дафтари омори марказии Ҷумҳурии Афғонистон, Кумитаи омори Вазорати иқтисоди миллии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Кумитаи омори Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок менамоянд.
 
Другие новости