Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

14.09.2017
Гузариш ба дафтари электронии хоҷагии хонавода

 Гузариш ба ҳисоботи электронии оморӣ тақозои замон буда, то ба имруз чанде аз  ҳисоботҳои оморӣ, аз қабили ҳисобот оид ба меҳнат (моҳона, семоҳа), саноат (моҳона), хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ва савдои чакана пурра ба тариқи электронӣ пешниҳод шуда истодааст. 

 
Қадами минбаъда дар ин ҷода роҳандозии дафтари электронии хоҷагии хонавода дар мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот мебошад. Бояд зикр намуд, ки мақомоти омор барои амалӣ намудани ин чорабинӣ шаҳри Нораки вилояти Хатлон ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғдро ҳамчун минтақаи пилотӣ (таҷрибавӣ) интихоб намуда, барномаи махсусро барои дохил намудани маълумоти дафтари хоҷагӣ таҳия намуд.
Бо мақсади ҷорӣ намудани дафтари электронии хоҷагии хонавода санаи 31 августи соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд бо иштироки котибон ва шахсони масъули мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти ноҳия семинар-омӯзиш доир гардид. 
 
Дар кори семинар Давлатзода Қ. - муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Накҳатзода Ҳ.К. -  Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Ҳомидзода И.О. - муовини якуми Раиси ноҳия иштирок намуда, доир ба масъалаи ҷорӣ намудани дафтари электронии хоҷагиҳои хонаводаҳои шаҳраку деҳот суханронӣ намуданд.
 
Бояд зикр намуд, ки тафсири электронии барномаи мазкур дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор», аз ҷониби ширкати маҳаллии пудратчии Лоиҳа «CAIConsғlting» омода гардида, мавриди санҷиш ва такмил пешниҳод карда шуд.
 
Сардори раёсати барномасозии МД «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-и Агентии омор  Мирпоччоев Ф. ҳозиринро бо барнома, тарзи ворид намудани маълумотҳо, омода намудани хазинаи маълумотҳо, гирифтани маълумотҳо дар асоси дархости истифодабарандагони маълумотҳои дафтарҳои баҳисобгирии хоҷагиҳо ва  ғайраҳо шинос намуд.
 
Дар рафти семинар – омӯзиш ба ҳар як  ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  компютери фардӣ   - ноутбук, ки аз ҳисоби Хазинаи нуфуси СММ  харидорӣ шудаанд, дода шуд. 
 
Семинар – омӯзиш дар фазои хуби корӣ ва муташаккилона баргузор гашта, масъулини мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти ноҳия бо ҳисси масъулият ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраршуда таҳия намудани хазинаи маълумотҳо ибрози ақида намуданд. 
Другие новости