Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

02.08.2017
Семинари омӯзишӣ роҷеъ ба «Таҳқиқот оид ба муайян намудани вазъи захираҳои энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи самараноки он»

 Рӯзҳои 26 - 29-уми июли соли 2017 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи грантии «Татбиқи Стратегияи рушди омори миллӣ барои солҳои 2015-2018 ЕCASTAT» ҷиҳати аниқкунии (листинги) рӯйхати хонаводаҳо ва соҳибкорони инфиродии «Таҳқиқот оид ба муайян намудани вазъи захираҳои энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи самараноки он»барои бақайдгирандагон (листерҳо) ва ҳамоҳангсозон (координаторҳо) семинари омӯзишӣ доир гардид. 

 
Аниқкунии (листинги) рӯйхати хонаводаҳо ва соҳибкорони инфиродӣ аз санаи 10-29 уми августи соли ҷорӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, ки ба он интихобан 3000 хонаводаҳо ва 7669 соҳибкорони инфиродӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ пурра аниқ карда мешаванд. 
 
Таҳқиқоти мазкур дар се категорияи воҳидҳои оморӣ гузаронида мешавад:
 
- шахсони ҳуқуқӣ (сартосарӣ);
- шахсони воқеӣ ба таври интихобӣ;
- хонаводаҳо ба таври интихобӣ.
 
Ҳадафи асосии гузаронидани таҳқиқоти мазкур муйян намудани талаботи иқтисодиёти мамлакат ба захираҳои энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳи шаффофияти маълумотҳо ва дар ин замина қабули қарорҳо ҷиҳати таъмини амнияти энергетикӣ, такмили сохтори истеҳсолии маҷмӯи сӯзишворию энергетикии кишвар, таҳияи тавозуни сӯзишворию энергетикӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
 

 

Другие новости