Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

24.07.2017
Дар бораи рафти корҳои тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020

 Аз 19 то 21 июли соли 2017 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон дастурдиҳии омӯзишӣ «Дар бораи рафти корҳои тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020» бо дастгирии молиявии Хазинаи Нуфуси Созмони Миллали Муттаҳид баргузор гардид.  Дар дастурдиҳии омӯзишӣ Директори Агентӣ Ҳасанзода Г. К., муовини Директор Давлатзода Қ., муовини Раиси шаҳри Норак Ҳасанзода Ш., Намояндаи Хазинаи нуфуси СММ ва инчунин, кормандони Раёсати барӯйхатгирии аҳолии Агентӣ ва раёсату шуъбаҳои баруйхатгирии аҳолии Сарраёсатҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

 
Мақсади асосии гузаронидани дастурдиҳии омӯзишӣ ин ҷиҳати омодагӣ ба баруйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2018, ки дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон ва маҳаллаҳои 64 ва 91 ш. Душанбе гузаронида мешаванд. 
 
Дар дастурдиҳии омӯзишии мазкур санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, иҷрои вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомотҳои дахлдор, омӯзиш ва тарзи пур кардани шаклҳои ҳисоботӣ оид ба пешниҳод намудани маълумотҳо дар бораи рафти иҷроиши корҳои тайёрӣ ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.
 

 

Другие новости