Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

18.07.2017
Ҷаласаи васеи мушовара Агентии омор

15 июли соли 2017 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2017 ва вазифаҳои минбаъда дар нимсолаи дуюми соли 2017» бо иштироки сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омори ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шӯъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ» ва дигар даъватшудагон аз вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид. 

 
Маҷлиси мушовараро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон Ҳасанзода Г. К. ифтитоҳ намуд. Сипас муовини аввали директори Агентӣ Шокирзода Ш. Ш. доир ба натиҷаҳои нимсолаи аввал муфассал баромад кард. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар асоси фармонҳо, супоришҳо, дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоӣ фаъолияти худро ба роҳ монда вазифаҳои дар наздаш гузошташударо пурра иҷро кард. 
 
Дар нимсолаи якуми соли 2017-ум  ба Агентии омор 50 қарору 289 супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 842 мактуб аз вазорату идораҳо ва 169 мактуб бо воситаи почтаи электронӣ ворид шуданд, ки сари вақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳо фиристода шуданд. Дар ин давра зиёда аз 5,2 ҳазор ҳисоботи оморӣ ҷамъбаст карда шуд. Мунтазам маълумотҳо омода ва гузоришҳою маҷмӯаҳои оморӣ таҳия шуда, саривақт ба истифодабарандагон пешниҳод шуданд. Бо вазорату идораҳо, ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ ҳамкории мутақобилаи судманд ба роҳ монда шудааст.
 
Ғайр аз ин, дар давраи сипаригардида таҳқиқоти интихобии «кори нақлиёти соҳибкорони шахсӣ», «таҳқиқоти мағозаҳо, дорухонаҳо, ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва тарабхонаҳо», “таҳқиқоти бозорҳои ашё, омехта ва озуқаворӣ”, “таҳқиқоти интихобии хоҷагиҳои аҳолӣ дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорвопарварӣ”, “таҳқиқоти шахсони воқеӣ, истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ”, инчунин дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии омор дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баҳисобгирии саршумори чорворо гузаронид.
 
Дар нимсолаи якуми соли 2017 тибқи Барномаи корҳои оморӣ 12 маҷмӯаи оморӣ, 165 буллетени оморӣ, 19 маълумот, 67 иттилооти таъҷилӣ ва 43 гузоришҳои оморӣ омода ва нашр карда шуданд.
 
Ғайр аз ин, дар давраи сипаригардида таҳқиқоти интихобии «кори нақлиёти соҳибкорони шахсӣ», «таҳқиқоти мағозаҳо, дорухонаҳо, ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва тарабхонаҳо», “таҳқиқоти бозорҳои ашё, омехта ва озуқаворӣ”, “таҳқиқоти интихобии хоҷагиҳои аҳолӣ дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорвопарварӣ”, “таҳқиқоти шахсони воқеӣ, истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ”, инчунин дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии омор дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баҳисобгирии саршумори чорворо гузаронид.
 
Ба мақомотҳои омори маҳаллӣ оид ба аниқ намудани деҳаҳои аз 5000 нафар ва зиёда аз он аҳолӣ доранд, барои тартиб додани рӯйхати деҳаҳо оид ба тартиб додани нақшаҳои схематикии деҳаҳо ва Фармоишҳои Директори Агентӣ “Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020” дастури мушаххас дода шуда, ба вазорату идораҳои ҷумҳурӣ оиди ба чорабиниҳо роҷеъ ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2016, №511 “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020” мактуб манзур гардид.
 
Ба мақомотҳои омори маҳаллӣ нақшаи чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 “Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020” ирсол карда шуд. Ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби гузаронидани корҳои ба тартибдарории номгӯи кӯчаҳо, рақамгузории маҳаллаҳо, хонаҳо ва ҳуҷраҳои истиқоматӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон” мактуб пешниҳод гардид.
 
Сипас дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд. Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди босифати корҳои оморӣ, саривақтӣ ва дақиқияти маълумотҳои омории тавсифкунадаи ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, риояи методологияи амалкунанда оид ба ташаккули омори расмӣ баррасӣ гардиданд.
 
Ҳамчунин, дар ҷараёни кори ҷаласа дар бораи саривақт ва бо сифат ба анҷом расонидани корҳои оморӣ, дақиқияти маълумотҳои оморӣ, риояи методологияи ҷорӣ доир ба ташаккули оморӣ расмӣ дастур дода шуд. 
 

 

Другие новости