Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

19.06.2017
Директори Агентии омор дар Конфронси 65-уми Оморчиёни Аврупо ширкат меварзад.

Имруз сессияи пленарии Конфронси 65-уми Оморчиёни Аврупо (КОА) дар шаҳри Женеваи Швейтсария ба кори худ шурӯъ намуд, ки дар сатҳи роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ҷаҳон ва ИДМ, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора ширкат меварзад.  

Дар Конфронси мазкур масъалаҳои камбизоатӣ, омори ҳадафҳои рушди устувор; тағийроти иқлим; дурнамои демографӣ; азнавкуни (модернизатсия)-и омори расмӣ ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ мешаванд. 

Имрӯз 19 июн масъалаҳо оид ба арзёбии камбизоатӣ, проблемаҳои методологии арзёбии камбизоатӣ, муқоисапазирии нишондиҳандаҳои   камбизоатӣ баррасӣ гардиданд.
 
Маърузаи асосиро ҷаноби Жоао Педро Авезедево,  иқтисодчии пешбари Бонки умумиҷаҳонӣ пешниҳод намуда, дар маърузаи худ фаъолияти мусбии Агентии оморро оид ба арзёбии бисёрҷанбаи камбизоатӣ қайд намуд ва дар Тоҷикистон барои муайян намудани компонентҳои асосии индекси бисёрҷанбаи камбизоатӣ андозаи некуаҳволии субъективӣ  истифода шудааст.
 
Қайд кардан зарур аст, ки дар Агентии омор масъалаи васеъ намудани нишондиҳандаҳои таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо бо роҳи гузаронидани таҳқиқотҳои модулии хонаводаҳо, ҳамчунин модернизатсияи таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
 
Амали мазкур барои арзёбии камбизоатӣ ҳам бо роҳи ченаки пулӣ ва ҳам ғайрипулӣ, ки барои арзёбии Индекси камбизоатии бисёрҷанба асос ёфтааст, барои гирифтани дараҷаи баландтари иттилоотӣ ҷузъӣ дар бораи камбизоатӣ, шуғли аҳолӣ, норасоии ғизо, солимӣ, суроғаи ҷуғрофӣ барои воҳидҳои маъмурӣ барои расонидани кумак ба қишри осебпазири аҳолии дар «гурӯҳҳои ноаёни оморӣ»  равона карда шудааст.  
 
Дар доираи Лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонӣ бо иштироки коршиносони байналмилалӣ барои кормандони таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо дар давоми солҳои  2016-2017, 3 семинари минтақавии панҷрӯза оид ба ҷорӣ намудани модулҳои нав дар таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо ва такмили таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо гузаронида шуд.   Аз моҳи январ то моҳи марти соли 2017 дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ саволномаи нави таҳиянамудаи коршиносони Бонки умумиҷаҳонӣ ва дигар шарикон якҷоя бо коршиносони миллии Агентии омор дар 750 хонавода аз санҷиш гузаронида шуд.  
 
Ҳамчун усули ҷамъоварии маълумот аз рӯи нишондиҳандаҳои Таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо аз рӯи саволномаҳои нав тавассути ҷамъоварии электронӣ бо планшетҳо, бо истифодаи барномаи электронӣ барои пурсиши аҳолӣ тағийр дода шуд (гузариш аз усули қоғазии анъанавӣ ба технологияи муосири ҷамъоварӣ).
 
Конфронс то 22 июни соли 2017 идома меёбад. 

 

Другие новости