Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

05.06.2017
Ҷаласаи навбатии 57-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ИДМ баргузор гардид. Сарвари Давлати Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳайати роҳбарияти мақомоти омори давлатҳои ИДМ-ро пазируфт

 Рӯзи 31 майи соли равон таҳти раёсати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку ҷаласаи 57-уми Шӯрои роҳбарони омори давлатҳои ИДМ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа роҳбарон ва муовинони мақомотҳои омори миллии кишварҳои ИДМ ва Кумитаи омори байнидавлатии ИДМ иштирок намуданд: Раиси Кумитаи омори байнидавлатии ИДМ - Владимир Соколин, Раиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Озарбойҷон – Тоҳир Будагов, Раиси Кумитаи омори Вазорати иқтисоди миллии Ҷумҳурии Қазоқистон – Нурболат Айдапкелов, Директори генералии идораи омори Ҷумҳурии Молдова – Виталие Волков, Раиси идораи федералии омори давлатии Федератсияи Русия – Александр Суринов, Муовини Раиси Кумитаи омори Ҷумҳурии Белорус – Жана Василевская, Муовини Директори Кумитаи омори миллии Ҷумҳурии Қирғизистон – Баисбек Касимбеков, Муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлатзода Қиёмиддин.

Дар ҷаласаи 57 – уми Шӯро масоили раванди омодагии кишварҳои минтақаи ИДМ барои гузаронидани барӯйхатгирии навбатии аҳолии соли 2020 ва ҳамкориҳои мақомотҳои омори давлатҳои минтақа бо муассисаҳои махсуси СММ муҳокима гардид.
 
Шӯро ҳисоботи Шурои роҳбарони мақомоти омори кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Кумитаи омори байнидавлатии ИДМ дар соли 2016 – ро тасдиқ намуд. Дар ҷаласаи 57 –ум Барномаи корҳои омории Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ барои соли 2018 баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.
 
Илҳом Алиев иштирокчиёни семинари минтақавӣ оид маълумот ва омори Ҳадафҳои Рушди Устувор ва ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомотҳои омори ИДМ-ро ба ҳузур пазируфт.
 
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев меҳмонони расмии воломақом – иштирокчиёни сатҳи баланд семинари минтақавӣ дар мавзӯи «Маълумот ва омори Ҳадафҳои Рушди Устувор» ва Ҷаласаи 57-уми сарони мақомотҳои омори кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки таҳти раисии Озарбойҷон дар шаҳри Боку баргузор гардид, ба ҳузур пазируфт.
 
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев аз баргузории чунин як чорабинии муҳими байналмилалӣ дар кишвар, ки масъалаҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ва махсусан ИДМ-ро дар бар мегирад, изҳори қаноатмандӣ намуд. Сарвари давлат иброз намуд, ки мақомотҳои омор бо масъалаҳои муҳим машғул буда, бидуни омори боэътимод, таҳлили муфассали вазъ, расидан ба банақшагирии дақиқ ва дурнамои рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, иҷтимоию иқтисодӣ, демографӣ, ва дигар соҳаҳо имконнопазир аст.
 
Илҳом Алиев таъкид намуд, ки таваҷҷӯҳи зиёди кишвар ба рушди мақомоти омор нигаронида шудааст ва ба қатори давлатҳои пешрафта баланд бардоштани сифати хизматрасонии омориро ба назар гирифтаанд. Дар баробари ин ба таҷрибаи давлатҳое, ки гузариши сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодиро аз сар гузаронидаанд, таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Бо ибрози муваффақияту комёбиҳо ба чорабинӣ, сарвари давлати Озарбойҷон изҳори боварӣ намуд, ки баҳсу мунозира ва мубодилаи афкор дар рафти ҷаласа судманд буда, барои таҳкими ҳамкориҳо заминаи муҳим мегузорад.
 
Директори Донишкадаи омори СММ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором Ҷаноби Ашиш Кумар миннатдории худро ба Сарвари давлат - Ҷаноби Илҳом Алиев барои ташкили чунин як семинари дар сатҳи баланд ташкилгардида ва дастгириҳои пайвастаи мақомоти омори Озарбойҷон, иброз намуд. Бояд қайд намуд, ки дар оғози семинари мазкур баҳсҳо оид ба Ҳадафҳои Рушди Устувор ва нишондиҳандаҳои он гузашт. Ҳамчунин Ашиш Кумар қайд намуд, ки табодули таҷрибаи давлатҳо оид ба дастовардҳо ва мушкилотҳо дар ин самт аз ҷониби намояндагони кишварҳо манзур гардид. Донишкадаи омори СММ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором минтақаи васеъро дар бар гирифта, давлатҳои аъзо таҷрибаи бой доранд, қайд намуд Ашиш Кумар ва ин ташкилот ҳамеша баҳри расонидани кумак ба давлатҳо дар самти фаъолияти худ омода мебошад.
 
Сарчашма: Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон
 
Другие новости