Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

22.05.2017
Ташрифи коршиносони байналмилалии калидӣ хонум Валдоне Касперюнене ва ҷаноби Римантас Виценавичус дар Агентии омор ба анҷом расид.

 Тибқи шартномаи дуҷонибаи шарикии байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаи муштараки Дев- стат аз 10 то 19 майи соли 2017 ташрифи коршиносони байналмилалӣ хонум Валдоне Касперюнене ва ҷаноби Римантас Виценавичус амалӣ гардид.

Мақсади асосии ташрифи коршиноси байналмилалӣ хонум Валдоне Касперюнене ин расонидани кӯмаки амалӣ ҷиҳати беҳтар намудани сифати саволномаҳои таҳқиқоти соҳаи саноат ва ҳамзамон тақвият бахшидани методологияи таҳқиқоти мазкур мебошад.
 
Тибқи барномаи кории тасдиқгардида, машваратҳои кории коршиносон бо намояндагони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла бо муовини Директори Агентӣ Давлатзода Қ. ва сардори раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмон Ғафуров Ш. ва муовини сардори ҳамин раёсат Бобобекова Р. сурат гирифт.
 
Дар натиҷаи машваратҳо, бо назардошти мавҷудияти шумораи зиёди шаклҳои ҳисоботҳои омории ҳамоҳангнашудаи соҳаи саноат, ки барои ҷамъоварии нишондиҳандаҳои омории соҳаи саноат равона гардидааст таваҷҷуҳи бештар дар самти тақвият бахшидани саволномаҳои оморӣ ва таҳлили нишондиҳандаҳои соҳаи мазкур ҳамзамон таҳияи шакли нави ҳисоботи оморӣ дар соҳаи мазкур равона гардид.
 
17 майи соли 2017 сафари кории коршиносон ба раёсати омори ноҳияи Рӯдакӣ сурат гирифта, масъалаҳои вобаста ба раванди таъмини сифати маълумотҳои оморӣ ва ташкили хазинаи маълумотҳои оморӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
 
Барои омори истеҳсолӣ намунаи сохтори мантиқии хазинаи маълумотҳо таҳия карда шуд, ки сохтори мазкур барои дар оянда ҳисоб намудани индекси ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон барои интихоб дар таҳқиқотҳои интихобӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.
 
Мақсади асосии ташрифи коршиноси байналмилалӣ Раймантас Виценавичус дар самти мусоидат намудан ба беҳтарсозии сифати маълумотҳои оморӣ иборат буда, ҷиҳати амалисозии ин раванд аз ҳисоби мутахассисони мақомоти омор гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, аз ҷониби Директори Агентии омор тасдиқ карда шуд ва ҳамзамон вобаста ба истифодабарии модели GSBPM  як қатор семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.
 
Модели хоси GSBPM  барои маълумоти оморӣ ва тавсифи маҷмӯи бизнес- равандҳо зарурӣ буда, маълумотҳои омори расмиро муайян месозад. Ин заминаи меъёрӣ ва истилоҳот пайваста дар таҷдиди маълумоти оморӣ, инчунин мубодилаи усулҳо ва ҷузъҳоро таъмин менамояд. Ҳамзамон модели GSBPM метавонад барои ҳамгироии меъёрҳо ва стандартҳои луғати барои ҳуҷҷатгузории равандҳо ҳамчун тартиби инфрасохтории оморӣ, таъмин намудани арзёбӣ ва баланд бардоштани сифати раванди таҳияи ҳисоботҳои оморӣ истифода шавад.
 
Ҳангоми мулоқот муовини Директори Агентии омор Давлатзода Қ. иброз намуданд, ки бе ҷорӣ намудани модели GSBPM муаррифи намудани сифати маълумотҳои оморӣ имконнопазир аст, аз ин рӯ зарур аст, ки чун дигар мақомоти оморӣ кишварҳои пешрафта модели GSBPM - ро дар сатҳи миллӣ ҷорӣ намоем.
Другие новости