Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

06.01.2011
Кормандони Агентии омор тадқиқоти корхонаҳои пудратию сохтмонӣ ва хонаҳои истиқоматии шахсиро гузаронданд

 Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Устуворгардонии системаи миллии омор» аз моҳи марти соли 2010 то моҳи декабри соли 2010 тадқиқоти корхонаҳои сохтмонии пудратӣ ва сохтмонҳои манзилҳои шахсӣ баргузор гардид. Буxаи тадқиқоти мазкур бештар аз 12 ҳазор доллари доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар гузаронидани корҳои саҳроӣ 21 нафар мутахассисони Агентии омори назди Президенти Xумҳурии Тоҷикистон, кормандони Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ», сарраёсатҳои омори вилоятҳо ва шӯъбаҳои омори шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд. 

Тадқиқоти мазкур масъалаҳои пасту баланд будани нархҳои масолеҳҳои сохтмонӣ дар минтақаҳо, истифода бурдани қувваи кории кироя ва муайян намудани арзиши аслии биноҳои сохташавандаи аҳолиро барои ҳисоботҳои оморӣ ва таҳлили он дар Системаи ҳисоботҳои миллӣ дарбар мегирад.

Тадқиқоти мазкур дар 180 корхонаҳои пудратии сохтмонӣ ва 542 хонаҳои истиқоматии шахсӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа муайян гашт, ки дар корхонаҳои пудратии сохтмони 9944 нафар корманд кор мекунанд. Аз онҳо 7835 нафарашон расмӣ, 847 нафар занон, 2773 нафар кормандони дорои маълумоти касбӣ ва 2109 нафар кормандони кирояи муваққатӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Барои муайян намудани индекси нархҳои масолеҳҳои сохтмонӣ, аз корхонаҳои пудратии сохтмонӣ маълумот оиди бо кадом нарх дастрас намудани масолеҳҳои сохтмонӣ барои иншоотҳои сохташаванда маълумотҳо xамъоварӣ карда шуданд.

Аз рӯи тадқиқоти гузаронидашуда маълум гашт, ки корхонаҳои пудратии сохтмонӣ, дар моҳи марти соли 2010, 76 намуди масолеҳҳои сохтмониро харидорӣ намудаанд. Нархи ҳар як масолеҳҳои сохтмонии аз тарафи корхонаҳои пудратии сохтмонӣ харидашуда дар рафти тадқиқот муайян карда шуд. 

Аз рӯи натиҷаҳои тадқиқоти мазкур муайян гашт, ки корхонаҳои пудратии сохтмонӣ иншоотҳои сохтмонии худро дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, нақлиёт ва алоrа, саноат, сохтмони манзил, коммуналӣ, фарҳанг, савдо ва хӯроки умумӣ бунёд меcозанд.

Аз рӯи xамъбасту таҳлили маълумотҳои ба даст овардашуда, индекси нархҳои маҳсулотҳои сохтмонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ дар асоси муқоиса бо хазинаи тартибдодашудаи соли 2007 ба 111 фоиз баробар шуд.

Бо гузаронидани тадқиқоти мазкур кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи методологиро вобаста ба ҳисоб намудани индекси нархҳои масолеҳҳои сохтмонӣ кор карда баромаданд ва дар оянда ба нақша гирифта мешавад, ки бо назардошти имкониятҳои мавҷуда доираи воҳидҳои тадқитшавандаро зиёд намоянд.



 

Другие новости