Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

20.10.2016
Ҷаласаи васеи сайёри мушовараи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

15 октябри соли 2016 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҷаласаи васеи сайёри мушовараи Агентии омор бо иштироки Директори Агентии омор Г. Ҳасанзода, муовини Раиси вилояти Суғд – Анвар Яъқубӣ, муовинони Директори Агентӣ, сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар ВМКБ, вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омори ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шӯъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ» ва дигар даъватшудагон аз сохторҳои вилоятии вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид. 

 
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар нӯҳ моҳи соли 2016 ва вазифаҳо то охири сол, гузариш ба ҳисоботи омории электронӣ матраҳ гардид.
 
Дар гузориши Муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, ки зиёда аз 7,4 ҳазор ҳисоботи оморӣ ҷамъбаст карда шуда, 74 Қарору 338 супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1071 мактуб аз вазорату идораҳо ворид шуданд, ки сари вақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳо фиристода шуданд. Дар нӯҳ моҳи соли 2016 -ум 32 маҷмӯаи ҷашнии оморӣ бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромад. Лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи корҳои оморӣ дар соли 2017», «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» ва «Дар бораи барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2018» омода ва бо вазорату идораҳои мувофиқа гардид. 
 
Бо мақсади гузариш ба ҳисоботи электронӣ аз ҳисоби Лоиҳаи “Татбиқи Стратегияи миллии рушди омор” мақомоти омори маҳаллӣ ба шабакаи ягона насб ва ҳисоботи электронӣ оид ба музди меҳнат ва саноат ҷорӣ карда шуданд.
 
Сипас дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ва раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии омор дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд. 
 
Дар охири ҷаласа Директори Агентии омор – Гулнора Ҳасанзода бо назардошти баррасии рӯзномаи ҷаласа ва баромадҳои роҳбарони мақомоти омори маҳаллӣ, дастуру супоришҳои мушаххас дода, ҷаласаи мушовара қарори дахлдор қабул намуд.
 
Другие новости