Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

23.12.2010
Агентии омор татбики лоихарои барои нимсолаи дуюми соли 2010 чамъбаст намуд

Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Xумхурии Тоҷикистон маҷлиси навбатии донорҳои лоиҳаи «Устуворгардонии Системаи миллии оморӣ» (ТАҶСАТ) баргузор гашт.

Дар маҷлис рафти иҷроиши лоиҳа дар нимсолаи дуюми 2010 муҳокима гардида, машваратҳои зарурӣ барои қадамҳои оянда барои нимсолаи якуми 2011 пешниҳод гардид. Қайд кардан ба маврид аст,ки дар доираи ин лоиҳа дар нимсолаи дуюми 2010 шаш сафари омӯзишӣ берун аз кишвар, ки дар он 22 нафар кормандони Агенти иштирок карданд, ташкил карда шуд. Инчунин дар доираи лоиха 23 миссия иборат аз 34 экспертҳои хориҷӣ аз давлатҳои консортсиум (Олмон, Дания, Шветсия, Чехия ва Словакия) баргузор гардид. Ба ғайр аз ин 6 омӯзиш гузаронда шуд, ки дар он зиёда аз 100 нафар кормандони Агенти ва дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурӣ иштирок карданд.

Лоиҳаи ТАҶСТАТ кори худро дар соли 2007 шурӯъ карда аз тарафи Ассотсиацияи Байнанмиллалиӣ Рушд (Бонки Чаҳонӣ), Департамент оид ба ҳамкории байналмилалии Британияи Кабир (DFID), Агентии Шветсия оид ба рушд ва ҳамкории байналмилалӣ (SIDA) ва Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон маблағгузори шудааст. Маблаги умумиии лоиҳа зиёда аз панҷ миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад (5.85 млн.).

Инчунин дар маҷлис, намояндаи Хазинаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба нуфузи аҳолӣ (UNFPA) дар Тоҷикистон ҳисоботи солонаро оид ба ҳамкори бо Агентиро дар соли 2010 пешкаши ҳозирин гардонид. Бо кӯмаки молиявии Хазинаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба нуфузи аҳолӣ (UNFPA) якчанд чорабиниҳо гузаронда шуд. Аз ҷумла семинарҳои омӯзиши барои кормандони муввақатие, ки дар барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил иштирок мекунанд, нашр ва пахши роликҳои телевизиони ва сафарҳои омӯзиши кӯмаки молиявии худро расонданд. Хазинаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба нуфузи аҳолӣ (UNFPA) ба нақша гирифтааст,ки як қатор чорабиниҳоро ба монанди мизи мудаввар, омӯзишҳо ва дигар чорабиниҳоро вобаста ба барӯйхатгирии аҳолиро дар соли 2011 гузаронад.

Другие новости