Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

25.08.2016
23 августи дар Агентии омори назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон вохӯрии масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони мақомоти омор сурат гирифт

Ҷамъомадро муовини якуми Директори Агентӣ Шокирзода Ш. Ш. ифтитоҳ намуда қайд кард, ки ин вохӯрӣ дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Агентӣ ва дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» сурат мегирад. 

Сипас Муқимӣ Нигора Аминзода - сардори раёсати 2-юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада муфассал дар бораи зарурати таъсиси мақомот ва корҳои то имрӯз анҷомдода маълумот дод. Қайд гардид, ки мақсад аз гузаронидани чунин вохӯриҳо пешгирӣ намудан аз пайомадҳои зуҳуроти номатлуби ҷомеаи имрӯза, аз қабили амалҳои коррупсионӣ, суйистифода аз вазифа, гирифтани пора, қабули қарори дорои хусусияти коррупсионидошта ва ғайра ба шумор меравад.

Инчунин, дар рафти суҳбат мавзуъҳои таҳлили хавфҳои коррупсия, роҳу усулҳои пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин, Одинамаҳмадзода Парвиз - сарнозири раёсати 2-юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҷараёни суҳбат баъзе андешаҳои худро баён намуд.
Дар охир роҳбарияти Агентии омори назди Президенти ҶТ изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ дар Агентӣ чораандешиҳои ҷиддӣ ҷиҳати роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ идома дода мешавад.

 

 

Другие новости