Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

18.08.2016
Агентии омор тадқиқоти қувваҳои кориро мегузаронад

 Тадқиқоти қувваҳои корӣ оид ба проблемаҳои шуғли аҳолӣ – тадқиқоти миллӣ буда, барои дастрас намудани иттилооти пурраю эътимоднок ҷиҳати вазъи бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст. Тадқиқоти қувваҳои корӣ дар доираи Лоиҳаи рушди омори миллӣ барои солҳои 2015-2018 бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ ва кӯмакҳои машваратии Ташкилоти Байналмиллалии Меҳнат дар давоми солҳои 2015-2016 гузаронида мешавад. 

Тадқиқоти мазкур аз тарафи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 272 қитъаи баҳисобгирӣ бо роҳи гузаронидани пурсиш дар 4080 хонаводаҳои бо таври тасодуфӣ интихобгардида ва пурсиши аъзоёни хонаводаи синни 12-75 сола гузаронида мешавад.
Ҳадаф аз гузаронидани тадқиқоти мазкур ба даст овардани маълумотҳо оид ба муайян кардани:
- шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол ва ғайрифаъол аз рӯи тавсияҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (Конференсияи 19-уми ТБМ дар соли 2013) мафҳумҳои қувваҳои корӣ ва қувваҳои кории истифоданашуда;
- шумораи аҳолии машғул аз рӯи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ, дар бахшҳо ва шакли моликият;
- шумораи умумии бекорон ва баҳодиҳии сатҳи бекорӣ;
- шумораи машғулин дар бахши расмӣ ва ғайрирасмӣ, баҳодиҳии шуғли ғайрирасмӣ;
- шумораи муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ;
- шумораи муҳоҷирати дохилӣ (ноҳиявӣ, минтақавӣ),
- оид ба истифодаи меҳнати кӯдакони синни 12-17 сола;
- нишон додани бозори меҳнати кишвар аз нуқтаи назари гендерӣ;
- омӯзиши масъалаҳои истисмори муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар;
- дигар проблемаҳои ба шуғли аҳолӣ алоқаманд мебошад.

Бартарии ҷамъоварии маълумот оид ба шуғли аҳолӣ тариқи пурсиши шаҳрвандон дар хонаводаҳо он аст, ки ин усул имкон медиҳад маълумотҳо аз ҳама соҳаҳои фаъолияти иқтисодӣ ва ҳама категорияҳои кормандон – аз ҷумла, шумораи кироякорон, кормандони худиштиғол ё худмашғул, аъзоёни ёрирасони хонаводаҳо, ба ҳисоб гирифтани шуғли аҳолӣ дар бахши ғайрирасмӣ, муайян намудани шуғли ғайрирасмӣ, шумораи соатҳои корӣ дар кори асосӣ ва иловагӣ, маълумот оид ба шуғли аҳолӣ дар хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ҷамъ оварда мешавад.
Тадқиқоти қувваи корӣ манбаи асосии маълумоти оморӣ оид ба ҳайати сифатии қувваҳои корӣ, сохтори аслии бекорӣ, сабабҳои бекорӣ, роҳҳои ҷустуҷӯи кор ва давомнокии он, сохтори аҳолии дар иқтисодиёт ғайрифаъол ба шумор меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2004 ва 2009 тадқиқоти қувваҳои корӣ гузаронида шуда буд. Соли 2016 ин тадқиқот маротибаи сеюм гузаронида мешавад.

Тадқиқоти қувваи корӣ миқёси умумимиллӣ дорад, яъне тариқи он ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ, шаҳрҳо ва деҳот фаро гирифта мешавад. Бартарии тадқиқоти қувваҳои корӣ дар соли 2016 нисбат ба тадқиқотҳои қаблӣ аз он иборат аст, ки маълумотҳо оиди тартиб додани рӯйхати хонаводаҳо (листинг) ва пурсиши аҳолӣ бо усули ҷамъоварии электронӣ бо истифода аз технологияи муоссир планшетҳо ҷамъоварии маълумотҳо сурат гирифтанд.

Дар натиҷаи гузаронидани тадқиқоти қувваи корӣ маълумотҳои зерин ба даст оварда мешавад:
- тафсири демографии аҳолии аз пурсиш гузаронидашуда (ҷинс, синну сол, шароити оилавӣ, миллат, сатҳи маърифатнокӣ, ихтисос);
- тафсири аҳолии машғул (шаклҳои машғулият, намуди фаъолияти иқтисодӣ, шуғл, ҳолати машғулият, собиқаи корӣ, шакли шартномаи кироякор, давомнокии маъмулӣ ё аслии ҳафтаи корӣ, мавҷудияти кори иловагӣ ва тавсифи он, хоҳиши иҷрои кори иловагӣ);
- шуғл дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ дар ҳафтаи гузариши тадқиқот (ҳам барои фурӯш дар бозор ва ҳам барои истеъмоли худӣ), намуди асосии маҳсулот ё хизматрасонии дар хона иҷрокардашуда ва вақти ба он сарфкардашуда;
- тафсири бекорӣ: усулҳои ҷустуҷӯи кор, сабабҳои бекорӣ, бақайдгирӣ дар хадамоти шуғли аҳолӣ, намуди фаъолият ва шуғл дар ҷои кори охир; собиқаи корӣ дар ҷои кори охир;
- тафсири аҳолии дар иқтисодиёт ғайрифаъол: давомнокӣ ва сабабҳои бекорӣ, намуди фаъолият ва шуғл дар ҷои кори охир, сабабҳои инкор кардани ҷустуҷӯи кор; сабабҳои тайёр набудан ба оғоз намудани фаъолияти корӣ.

Агентии омор дар доираи Лоиҳаи Рушди омори миллӣ бо мақсади гузаронидани «Тадқиқоти қувваи корӣ» 2 семинарҳои омузишӣ барои кормандони мақомоти омор ҷиҳати гузаронидани корҳои рӯйхаттартибтиҳӣ - 14 нафар ва барои анҷом додани пурсиши аҳолӣ 56 нафар аз тамоми минтақаҳои кишвар омӯзонида шуданд. Аз 20 июл то 20 августи соли 2016 корҳои саҳроии пурсиши аҳолӣ гузаронида мешавад. Дар давоми моҳҳои август –сентябри соли 2016 корҳои таҳрирӣ ва рамзгузорӣ аз рӯи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ, касбу ихтисос ва рамзгузории давлатҳо ва минтақаҳо гузаронида мешавад. Натиҷаҳои пешакии тадқиқоти қувваҳои корӣ ва ҷадвалҳои барориш дар охири соли 2016 ва семоҳаи аввали соли 2017 бароварда мешавад.

Тадқиқоти қувваҳои корӣ манбаи асосии маълумот барои баҳодиҳии захираҳои меҳнатии кишвар, қувваҳои кории истифодашуда ва қувваҳои кории истифоданашуда, сатҳи бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатии беруна ва дохилӣ мебошад, ки барои муайян намудани дурнамои бозори меҳнати ҷумҳурӣ зарур мебошад.

Другие новости