Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

10.12.2010
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи аввалини Шӯрои Байниидоравии оморро гузаронд

Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Шӯрои Байниидоравии омор баргузор гардид. Шӯрои Байниидоравии омор дар назди Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2010 таҳти №883 тасдиқ шудааст ва мақоми машваратӣ оиди ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти ташкили мушоҳидаҳои давлатии оморӣ дар асоси методологияи илман асосноки оморӣ мебошад. Дар кори ҷаласаи нахустин аъзоёни шӯро ва намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ (ҷамъ 13 идораю ташкилот 28 нафар) иштирок намуданд.

Ҷаласаи Шӯрои Байниидоравии оморро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро Муҳаммадиева Б.З. кушода дар баромади худ муҳиммияти ташкили чунин Шӯроро, ки ба ҳамоҳангсози (мутобиқсози)-и фаъолият дар бахши ташкили мушоҳидаҳои давлатии оморӣ инчунин дар кори мақомоти омори давлатӣ ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқукиашон ба дараҷаи баланд мусоидат менамояд қайд намуд. Ҳамзамон Муҳаммадиева Б.З. қайд кард, ки кори Шӯро ба шарту усул ва равияи дар мақомоти омории мамлакатҳои аврупоӣ амалкунандаю маъқул дониста шуда асос меёбад. Дар рафти ҷаласа ду Карори асосӣ қабул гардид. Қарор «Дар бораи гузариш аз таснифоти Умумииттифоқии соҳаҳои хоҷагии халқ (ТУСХХ соли 1976) ба таснифоти намуди фаъолияти иқтисодӣ (ТУНФИ соли 1999)» ва «Оиди рафти (ҷараёни) тайёриҳо ба гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ». Дар ҷараёни суханрониҳои иштироккунандагон мунтазам баҳсу мунозираҳо пайдо мешуданд ва дар хотима ҳар ду Қарорҳо бо ҳамовозии ҳамаи аъзоёни Шӯро қабул гардиданд.

Дар хотима, Раиси Шӯро Муҳаммадиева Б.З. фикру андешаҳои умумии иштирокчиёни ҷаласаро дар мавриди зарурияти идомадиҳии ҳамкориҳои босамар дар ҳалли масъалаҳои мураккаби пешниҳоднамоии маълумоти босифати омориро иброз намуда ҳамаи вазорату идораҳоро дар оянда ба ҳамкории боз ҳам зичтар даъват намуд.

Другие новости