Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

29.07.2016
Нишасти матбуотӣ

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми июли соли 2016 дар Маркази Матбуотии Ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма, нишасти матбуотӣ гузаронид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, радио ва телевизион аз он ҷумла: АМИТ «Ховар», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Озодагон», «Ҷавонони Тоҷикистон », «Чархи гардун», «Халқ - овози», «Паёми Душанбе», «Азия Плюс», шабакаҳои телевизионии «Сафина», «Чаҳоннамо», «Тоҷикистон», «Мир» ва шабакаҳои радиоии « Тоҷикистон », «Ховар», «Садои Душанбе», «Озодӣ», «Садои мардум», «Садои Хуросон» инчунин аз Маркази Стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Пеш аз оғози нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон маводҳои таҳлилӣ аз ҷумла буклет оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2016 (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) ва маърузаи мухтасар дар бораи фаъолияти мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2016 пешниҳод гардид.

Нишасти матбуотиро Директори Агентӣ Ҳасанзода Гулнора Кенҷа оғоз намуда, аз натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2016 ахборот доданд.

Баъд аз ин қисми муҳокима ва саволу ҷавобҳо байни намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони Агентӣ оғоз гардид.

Саволҳо дар маҷмӯъ мавзӯҳои зеринро дар бар мегирифтанд:
- шумораи наврасони синни мактабӣ, ки ба мактаб фаро гирифта нашудаанд;

- сатҳи саводнокии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шумораи муҳоҷирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар кишварҳо дар нимсолаи якуми соли 2016;
- номгӯи маҳсулотҳое, ки ба сабади истеъмоли дохил карда мешаванд;
- даромади пулии аҳолӣ;
- шумораи таваллуд, фавт, никоҳ ва талоқ дар ҷумҳурӣ;
- маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва сатҳи тавварум;
- истеҳсолот содирот ва воридоти молу ашёҳо;
- сабабҳои ҷой доштани фарқияти нишондиҳандаҳои мақомоти омор бо нишондиҳандаҳои дигар вазорату идораҳо;
- вайрон намудани тартиби пешниҳоди ҳисоботи омори давлатӣ ва нисбат ба ин ҳолатҳо андешидани чораҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти омори давлатӣ;

- усулҳои ба ҳисоботҳоииоморӣ фаро гирифтани аҳолии дар қитъаҳои аҳолинишини дурдаст қарор дошта.
- шумораи кормандони кироя;
- шумораи соҳибкорони дар нимсолаи якуми соли 2016 фаъолиташон қатъшуда;
- нишондиҳандаҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;
- корҳои омодагӣ ба барӯйхатгирии аҳолии навбатӣ.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма ба саволҳои худ вобаста ба ваколати мақомоти омор вогузоргардида, оид ба нишондиҳандаҳои соҳаҳои мухталифи ҷомеа посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Баргузории нишасти матбуотӣ бо иштироки воситаҳои ахбори омма боиси боз ҳам мукамалгардонии шаффофияти маълумотҳои оморӣ ва баланд бардоштани сифати корҳои ҷамъоварӣ, коркард таҳлил ва таҳияи маълумотҳои оморӣ мегарданд. 

Другие новости