Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

19.07.2016
Ҷаласаи васеи мушовара Агентии омор

15 июли соли 2016 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2016 ва вазифаҳои минбаъда дар нимсолаи дуюми соли 2016» бо иштироки сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омори ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шӯъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ» ва дигар даъватшудагон аз вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.

Маҷлиси мушовараро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон Ҳасанзода Г. К. ифтитоҳ намуд. Сипас муовини аввали директори Агентӣ Шокирзода Ш. Ш. доир ба натиҷаҳои нимсолаи аввал муфассал баромад кард. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016, фармонҳо, супоришҳо, дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоӣ фаъолияти худро ба роҳ монда вазифаҳои дар наздаш гузошташударо пурра иҷро кард.

Дар нимсолаи якуми соли 2016-ум 58 Қарор, 215 супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 675 мактуби аз вазорату идораҳо ба унвонии Агентии омор воридгардида сари вақт иҷро гардиданд ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳои муфассал ирсол шуданд. Дар ин давра зиёда аз 5 ҳазор ҳисоботи оморӣ ҷамъбаст карда шуд. Мунтазам маълумотҳо омода ва гузоришҳою маҷмӯаҳои оморӣ таҳия шуда, саривақт ба истифодабарандагон пешниҳод шуданд. Бо вазорату идораҳо, ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ ҳамкории мутақобилаи судманд ба роҳ монда шудааст.

Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 54 гузоришҳои иқтисодӣ аз ҷумла гузориш «Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар асоси таснифоти намудҳои фаъолияти иқтисодӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналхалқии таснифот пешниҳод карда шуд.
Дар нимсолаи якуми соли 2016 - ум 14 маҷмӯаи оморӣ, 80 иттилооти таъҷилӣ ва 106 буллетенҳои омори тибқи нақшаи маҷмӯии корҳои мақомоти омор омода карда шуданд. Қайд кардан лозим аст, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастрас намудани иттилоот оиди фаъолияти мақомоти омор, дар охири соли 2015 маҷаллаи илмӣ – иттилоотии «Ҳарфи омор»-ро таъсис дод.
Сипас дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд. Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди босифати корҳои оморӣ, саривақтӣ ва дақиқияти маълумотҳои омории тавсифкунадаи ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, риояи методологияи амалкунанда оид ба ташаккули омори расмӣ баррасӣ гардиданд.

Директори Агентӣ Ҳасанзода Г. К. зикр кард, ки дақиқии ҳар як маълумоти оморӣ дар таоми бахшҳои хоҷагии халқ натиҷаи кори тамоми соҳаҳоро дарбар мегирад, аз ин рӯ бояд ҳар корманд масъулияти баланди корӣ нишон диҳад.
Инчунин дастур дода шуд, ки дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иҷрои нақшаи чорабиниҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2015, № 614, «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба такмили баҳисобгирии оморӣ барои солҳои 2016-2021»-ро таъмин намоянд.
 

Другие новости