Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

24.06.2016
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ

 22 июни соли равон дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи шашуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мукаммал намудани баҳисобгирии оморӣ бо иштироки намояндагони қариб 20 вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ директори Агентӣ Ҳасанзода Гулнора Кенҷа баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки 5-уми апрели соли равон дар назди Сарвазири Ҷумхурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласа оид ба мукаммалсозии низоми баҳисобгирии оморӣ гузаронида шуд ва дар он роҳбарони чандин вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд. «Вохӯрие, ки мо имрӯз дар ин ҷо гузаронида истодаем, низ ба ин мавзӯъ бахшида шудааст», - иброз намуд Г. Ҳасанзода ва аз ҷумла қайд гардид, ки беҳтар намудани сатҳ ва сифати нишондиҳандаҳо, маълумот ва ҳисоботҳои оморӣ зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва масъалаи мазкур масъулияти ҳозиринро дучанд мегардонад.

Дар рафти ҷаласа раванди иҷрои супоришҳои пештар баён гардида, натиҷаҳои ба даст омада ва мушкилиҳои ҷойдошта доир ба мукаммалсозии баҳисобгирии оморӣ дар соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд.

Дар давоми кори ҷаласа оид ба ворид намудани тағйиру иловахо ба Фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи сохтори идоракунии мақомоти омори давлатӣ» ва Низомномаи мақомоти омори давлатӣ, тақсимоти ӯҳдадориҳо байни мақомоти марказӣ ва маҳаллии омор муовини директори Агентии омор Қиёмиддин Давлатзода баромад намуда, ба ҳозирин дар бораи зарурати қабули ин низомнома андешаҳояшро баён намуд. Дар бораи ба роҳ мондани ҳисоботи оморӣ ва муҳосибавии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар соли 2016 намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Обиди Маҳмадсаид баромади муфассал намуда, мушкилоти тафриқаи ҳисоботи оморӣ ва андозро баррасӣ кард.

Дар ҷаласа инчунин оид ба низоми «Равзанаи ягона» пурра ва саривақт ба қайд гирифтани хоҷагиҳои деҳқонии инфиродии навтаъсис сухан рафт ва масъулини вазорати молия, кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаи андоз ва ғайра дар бораи ҷихатҳои гуногуни масъалаҳои баррасишаванда фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

 

 

Другие новости