Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

02.06.2016
Гузаронидани таҳқиқоти истеъмоли тамокӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Рӯзҳои 1-2 июни соли 2016 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишномаи ҳамкории байни Маркази таҳқиқотҳои оморӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва тайёркунии касбии кормандон барои кишварҳои Исломӣ (SESRIC) семинарӣ омӯзишӣ барои гузаронидани таҳқиқоти истеъмоли тамокӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Мақсади асосии семинари омӯзишӣ ин ворид намудани саволномаи таҳқиқоти истеъмоли тамокӯ ба доираи таҳқиқоти миллии буҷети хонаводаҳо, баланд бардоштани савияи касбии кормандони таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо оид ба тартиби гузаронидани пурсиши аҳолӣ оиди истеъмоли тамокӯ, мониторинги беҳтар гардонидани сифати маълумотҳои таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо, таҳлили натиҷаҳои таҳқиқот, гиритани маълумот оиди зарари тамокӯ ба саломатии инсон ва оқибатҳои он мебошад.

Таҳқиқоти истеъмоли тамокӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба гузаронида мешавад ва ин таҳқиқот бо мақсади ворид намудани саволномаи байналмилалии истеъмоли тамокӯ ба таҳқиқотҳои миллии кишвар барои гирифтани маълумотҳои муқоисашаванда дар сатҳи байналмилалӣ бо роҳи гузаронидани пурсиши аҳолии калонсол оиди истеъмоли тамокӯ ҷиҳати ба роҳ мондани назорат дар самти истеъмоли тамокӯ дар кишвар ба роҳ монда шудааст.

Саволҳои таҳқиқоти мазкур компонентҳои Низоми глобалии назорати эпидемологӣ аз болои истеъмоли маводҳои тамокугӣ, ки аз тарафи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Маркази назорат ва профилактикаи бемориҳои ИМА ва дигар шарикон бо мақсади расонидани кӯмак ба кишварҳо барои таҳияи барномаҳо оиди назорати эпидомологӣ ва мониторинги истеъмоли тамокӯ таҳия карда шудааст. Саволнома ҳамчунин ба шароити ҷумҳурӣ мутобиқ кунонида шуда як қатор саволҳои иловагӣ масалан оид ба истеъмоли «нос», бохабар будани аҳолӣ оид ба зарари тамокукашӣ ва ба кадом намуди бемориҳо оварда мерасонад низ маълумотҳо ҷамъоварӣ карда мешавад.

Конвенсияи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба мубориза бар зидди истеъмоли тамокӯ таъкид менамояд, ки компоненти муҳими муборизаи глобалӣ бар зиддӣ истеъмоли тамокӯ ин гузаронидани мунтазами таҳқиқотҳо ва мониторингҳо оиди истеъмолӣ тамокӯ мебошад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани таҳқиқоти мазкур 50 нафар кормандони мақомоти омор аз тамоми 5 минтақаи кишвар давоми ду рӯз омӯзонида мешаванд. Аз рӯи интихоби хонаводаҳо дар 3000 хонавода бо як нафар аъзои хонавода, ки синнаш аз 15 сола боло мебошад пурсиш гузаронида мешавад.

Натиҷаҳои таҳқиқоти мазкур барои таҳияи барномаҳо дар самти солимии аҳолӣ ва назорат аз болои истеъмоли тамокӯ ҷиҳати дидани чораҳои самаранок ва саривақтӣ дар самти мубориза бо истеъмоли тамокӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Другие новости