Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

06.05.2016
Дар Агентии омор барои кормандон омузиши забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуд

Ҷиҳати иҷрои банди 16 ва 23 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2016 № 42 тасдиқ шудааст, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои забономӯзии кормандони Агентӣ бо забонҳои англисӣ ва русӣ бо дастгирии лоиҳаи «Татбиқи Стратегияи миллии рушди омор», ECASTAT озмун эълон намуд. Дар ин озмун «Муассисаи хусусии Маркази забонҳои хориҷӣ» ғолиб дониста шуд.

Ҳадафи асосии курси мазкур омузонидан ва бозомузонидани мутахассисони мақомоти омор мебошад. Зеро, гузариш ба стандартҳои байналмилалии ташаккули омори расмиро бе донитани забонҳои хориҷӣ бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ, ки ба қатори шаш забони умумиҷаҳонии қабулнамудаи СММ дохил мешаванд, ғайри имкон аст. Ҳамчунин дар доираи Лоиҳаи Стратегияи миллии рушди омор ҷалби Ҳамкориҳои дуҷониба бо мақомоти омори пешрафтаи ҷаҳон ба нақша гирифта шудааст, ки забони муошират бо онҳо асосан англисӣ ва русӣ мебошад.

Кормандоне, ки барои бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд, бо онҳо шарномаҳои дутарафа ба имзо расонида мешаванд ва он кормандоне, ки бо мувафаққият ин курсҳоро ҳатм менамоянд, дар аттестатсияи навбатӣ ба инобат гирифта мешаванд.

Намояндагони Марказ гурӯҳбандии шунавандагонро дар асоси санҷиши пешакӣ анҷом медиҳанд. Курсҳо аз 10 май шуруъ мешаванд. 
 

Другие новости