Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

22.04.2016
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қабули ҳисоботи омории электронии соҳаи саноат шуруъ менамояд.

 21 апрели соли 2016 дар Агентии омор намоиши гузариш ба ҳисоботи моҳонаи электронии омори саноат барои масъулини корхонаю ташкилотҳои саноатии шаҳри Душанбе барпо гардид. Дар намоиш роҳбарон, муҳосибон ва иқтисодичиёни қариб 50 корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Намоишро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Ҳасанзода Гулнора ҳусни оғоз бахшида, афзуданд, ки борҳо дар баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба кам намудани ҳисоботҳои оморӣ ба соҳибкорон, ҳамчунин гузариш ба ҳисоботи электронӣ дастур супоришҳо додаанд.

Ҷиҳати иҷрои ин дастуру супоришҳо мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон кушиш ба харҷ дода, соли 2015 бори нахустин ҳисоботи омории электронии моҳона ва замимаи семоҳаи онро оид ба ҳаракати қувваи корӣ дар шаҳри Душанбе ва як қатор шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷорӣ намуд.

Мутобиқи маълумотҳои пешниҳодшуда, дар шаҳри Душанбе аз руи ҳисоботи моҳи феврали соли 2016 –ум 4155 адад корхонаю ташкилотҳои ҳудуди шаҳр ҳисоботи электронӣ музди меҳнат пешниҳод намудаанд, ки 77,2 фоизи миқдори умумии ҳисоботсупорандагонро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи мазкур кифоя нест, зеро мо бояд аз ҳамаи корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ҳисоботи электрониро қабул намоем. Дар сурати мавҷуд набудани имконияти техникӣ корхонаю ташкилотҳо метавонанд аз терминали мақомоти омори шаҳри Душанбе истифода намоянд.  

Бо мақсади вусъат додани корҳои гузариш ба ҳисоботи электронӣ айни замон кашидани хати нурӣ дар Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе идома дорад.

Қайд кардан зарур аст, ки барои омода намудани барномаи воридкунӣ ва коркарди ҳисоботи электронӣ мутахассисони Кумитаи андоз аз ҳисоби Лоиҳаи “Татбиқи Стратегияи миллии рушди омор”, ки аз ҳисоби Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ шуда истодааст, ҷалб шуда буданд, марҳилаи навбатии гузариш ба ҳисоботи электронӣ ба омори саноат тааллуқ дорад.

Сипас барномасозон тартиби пешниҳоди ҳисоботи электрониро ба иштирокчиён нишон доданд.
Дар навбати худ, иштирокчиён вобаста ба замима намудани тафсири электронии Таснифоти молу маҳсулот, ки барои муайян намудани рамзи моли саноатии истеҳсолшуда истифода мешавад, дархост намуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки ҳисоботи мазкур аз ду фасли асосӣ иборат буда, онро дар сатҳи ҷумҳурӣ зиёда аз ду ҳазор корхонаҳои саноатӣ пешниҳод менамоянд.

Бо дарназардошти он ки соҳаи саноат, яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад, талабот ба иттилоот оид ба истеҳсоли маҳсулоти саноатии ватанӣ, алалхусус молҳои воридотивазкунанда хеле зиёд шудааст. Маҳз пурра ва дақиқ нишон додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти алоҳидаи саноатӣ аз руи арзиши аслӣ ва ифодаи натуралӣ метавонад, вазъи ҳақиқиро инъикос намуда, қарорҳои дахлдори соҳавӣ қабул карда шаванд. 

Аз 1 майи соли 2016 корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе имкон доранд, ҳисоботи омории моҳонаи 1-саноатро бо усули электронӣ пешниҳод намоянд.

Другие новости