Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

15.04.2016
Ҷаласаи васеи мушовара Агентии омор

 15 апрели соли 2016с. дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2016 ва вазифаҳои минбаъда дар соли 2016» бо иштироки роҳбарияти Агентӣ, сардорони Сарраёсатҳои мақомоти омори вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омории ноҳияҳои тобеи ҷумхурӣ ва раёсату шӯъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ», намояндагони Вазорату Кумитаҳо аз ҷумла Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар даъватшудагон баргузор гардид.

Қайд гардид, ки мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016, фармонҳо, супоришҳо, дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоиро ба роҳбарӣ гирифта, барномаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳуриро оид ба корҳои оморӣ ва вазифаҳои дар наздаш гузошташударо пурра иҷро кард. Ҳамагӣ 2,8 ҳазор корҳои оморӣ иҷро карда шуданд. Ғайр аз ин, дар давраи ҳисобот тадқиқоти интихобии «кори нақлиёти соҳибкорони шахсӣ», «тадқиқоти мағозаҳо, дорухонаҳо, ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва тарабхонаҳо», “тадқиқоти интихобии хочагиҳои аҳолӣ дар соҳаи чорводорӣ” гузаронида шуд.

Дар семоҳаи якуми соли 2016 - ум 33 Қарору 97 супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 327 мактуб аз вазорату идораҳо ворид шуданд, ки сари вақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳо фиристода шуданд. Инчунин дар ин давра 10 маҷмӯаи оморӣ, 59 буллетени оморӣ, 6 маълумот, 40 иттилооти таъҷилӣ ва 14 гузориши иқтисодӣ чоп карда шуданд, ки саривақт ба истифодабарандагон пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон зикр кардан ба маврид аст, ки дар ин самт бо ташкилотҳои байналмилалӣ, вазорату идораҳои дахлдор ҳамкории мутақобилаи судманд ба роҳ монда шудааст. 

Дар Ҷаласаи мушовара маърӯзаҳо оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар семоҳаи якуми соли 2016 ва вазифаҳои минбаъда дар давоми соли 2016 дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоятҳо шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ шунида шуда аз ҷониби Директори Агентӣ Гулнора Ҳасанзода ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои оморӣ дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд. Махсусан таъмини эътимоднокии ҳисоботҳои аввалияи оморӣ дар ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, рафти кишти зироатҳои кишоварзӣ аз ҷумла кишти пахта, картошка ва ғалладонагиҳо риояи қатъии санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи соҳаи хизмати давлатӣ дар миёни кормандони омор таъкид гардид.

Барои такмил додани низоми омори миллӣ, як қатор корҳои мушаххас бо шарикон оид ба рушд, аз қабили оғози татбиқи Лоиҳа дар бораи Стратегияи Миллии рушди омор барои солҳои 2015-2018 таъмин карда шуданд. Ҳадафи лоиҳаи мазкур иборат аст аз: тақвият бахшидани иқтидори институтсионалии хадамоти омор, беҳтар намудани истеҳсоли маълумотҳои оморӣ, беҳтар намудани муколамаи байни истифодабарандаҳо ва истеҳсолкунандаҳо, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ, технологияи иттилоотӣ ва коркарди автоматии маълумотҳо.
Қайд карда шуд, ки мувофиқи супориши Сарвазири мамлакат, барои беҳтар намудани вазъи баҳисобгирии оморӣ, гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуда буд, ки дар ин давра, бо ҷалби мутахассисони вазорату идораҳо иҷрои як қатор корҳои мушаххас таъмин карда шуданд. Бо мақсади тафтиши амалии вазъи баҳисобгирии оморӣ ба минтақаҳои мамлакат сафарҳои хизматӣ амалӣ карда шуданд ва нисбати такомулёбии пешбурди корҳои оморӣ дар ҷаласаҳои кории байниидоравӣ муҳокимаҳо сурат гирифтанд.

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои гуногуни босифат пеш бурдани корҳои оморӣ, иттилооти саривақтӣ ва дақиқи оморӣ, риояи методологияи амалкунандаи ташаккулёбии омори расмӣ баррасӣ шуданд. Барои минбаъд ҳам баланд бардоштани сифат ва сатҳи корҳои оморӣ қайд карда шуд, ки ба масъалаи мӯътамадии иттилоот мисли пештара аҳамияти махсус дода мешавад. Ҳамзамон дастур дода шуд, ки дар сатҳи минтақаҳо бо мақомотҳои андоз, идораи замин ва кишоварзӣ ҳамкории зергуруҳҳои кории байниидоравӣ вусъат дода шавад. 
 

Другие новости