Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

31.03.2016
Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти донорҳо баргузор гардид

 29 марти соли соли 2016 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти донорҳо баргузор гардид, ки дар ин вохӯрӣ роҳбарияти Агентии омор, Маркази кулли ҳисоббарории Агентӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ аз ҷумла; Бонки умумиҷаҳонӣ, Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ), Намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Тоҷикистон, Намояндагии (UNFPA) дар Тоҷикистон, Хазинаи кудаконии СММ (ЮНИСЕФ), Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон (UNDP), Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID), Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (WHO), Хазинаи СММ дар соҳаи нуфус, Хазинаи байналмилалии Асъор, Ташкилоти байналмилалии Меҳнат, намояндагони Вазорату идораҳо, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат, коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова, сардорони Раёсату шуъбаҳои соҳавии дастгоҳи марказии Агентии омор ва кормандони татбиқи Лоиҳа «Оид ба рушди низоми милии омор» иштирок доштанд.

Бо суханони ифтитоҳи ҷаласаи мазкурро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Ҳасанзода Г.К. ҳусни оғоз бахшида, дар охири суханронии худ ба ҳамаи иштирокчиён барои бо муваффақият гузаронидани кори ҷаласа бурдбориҳо таманно намуданд.

Аз рӯи масъалаи аввали рӯзнома Рустам Зиёев - Ҳамоҳангсози лоиҳаи ECASTAT баромад карда, қайд намуд, ки лоиҳаи Стратегияи миллии рушди омор аз моҳи майи соли 2015 амалӣ гардида истодааст. Лоиҳаи мазкур дар асоси тавсияҳои дар арзёбии глобалӣ, ки соли 2012 аз тарафи коршиносони Комиссияи иқтисодии СММ, омори Аврупо ва Ассотсиатсияи савдои озоди Аврупо (АСОА) пешниҳод гардида буд, амалӣ гардида истодааст.

Ҳамоҳангсози лоиҳа оид ба амалисозии яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа, ки ба раснидани кумакҳои техникӣ равона гардидааст ва бо ин мақсад баргузории як қатор мулоқотҳои бо намояндагони Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Коллеҷи Кӯҳии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Омӯзишгоҳи техникии омор ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барпогардидаро арзёбӣ намуд. Ҳамзамон оиди натиҷаи фаъолияти кории лоиҳа дар соли 2015 ва вазифаҳои асосии дар соли ҷорӣ ба нақша гирифташуда муарифӣ гардид.

Сардори Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва таҳқиқоти буҷаи хонаводаҳо Қулов А.Н. «Нақшаи гузаронидани таҳқиқоти қувваи корӣ ва такмили таҳқиқоти хонаводаро, ки бо дарназардошти қарори 19 -уми Конфренсияи байналмилалии оморчиёни меҳнат» амалӣ карда мешавад муаррифӣ намуд. Дар баромади худ қайд кард, ки таҳқиқоти «Қувваи корӣ» дар чорчӯбаи лоиҳаи ECASTAT гузаронида мешавад ва бо мақсади аниқ намудани кластерҳои интихобшуда (қитъаҳои баҳисобгирӣ) ва дар кластерҳо аниқ шуда, муайян намудани миқдори аъзоёни истиқоматкунандагони хонаводаҳо, ки барои гузаронидани таҳқиқот зарур мебошад, моҳҳои октябр - декабри соли 2015 интихоб ва листинг гузаронида шуда буд. Аввалин маротиба ҳангоми ҷамъоварии иттилоот аз пурсидашавандаҳо планшетҳо истифода бурда шуданд, ки ин усул қадами аввалини низоми ҷамъоварии иттилоот дар барандаҳои қағазӣ ба ҷамъоварии электронии иттилоот мебошад.

Дар бораи татбиқ ё амалӣ сохтани Лоиҳаи «Тиҷоратикунонии кишоварзӣ» сардори шуъбаи омори нарх ва таърифаҳои Агентии омор Наҷибуллоев А. баромад карда оид ба «Такмилдиҳӣ, бақайдгирӣ, ҷамъоварӣ ва паҳн намудани нархҳои ҳарҳафтаина ва робита бо истемолкунандагон (фермерҳо) бо усули SMS - хабардиҳӣ» маълумот дод.

Гукасова Т.П. - мутахассис оид ба омӯзиш ва арзёбии лоиҳаи ECASTAT дар бораи аввалин натиҷаҳои пешакии таҳқиқоти «Қаноатмандии истифодабарандаҳо» баромад кард. Зимни баромади худ қайд намуд, ки мақсади асосии гузаронидани таҳқиқоти мазкурро, аз дарёфт намудани посух ё тақризҳои истифодабарандагон ва аҳмият додан ба сифати иттилооти оморӣ инчунин омӯхтани эҳтиёҷот ва талаботи истифодабарандагон ва таҳлилҳо барои рушди нақша ва беҳтар намудани комёбии талаботи истеъмолкунандагон иборат мебошад. Бо ин мақсад ва минбаъд ҷиҳати густариш додани муколама байни истифодабарандаҳои мухталифи маълумотҳои оморӣ ва ҳамзамон байни истеҳсолкунандагони гуногуни маълумотҳои оморӣ посуху тақризҳои пешниҳодгардида дар амал истифода карда мешавад. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки ҷамъбасти ниҳоии натиҷаи таҳқиқоти мазкур барои муарифӣ ба ҳамаи истифодабарандагони маълумотҳои оморӣ дар сомонаи Агентии омор ҷой дода мешаванд.

Дар ҷараёни баргузории донор митинг барои ибрози ақида ва пешниҳодҳо ба намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва вазорату идораҳо барои ибрози ақидаву пешниҳодҳо сухан дода шуд.

Дар фарҷоми ҷаласаи мулоқот бо шарикони рушд Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Ҳасанзода Г.К. ба ҳамаи иштирокдорон, аз ҷумла ба шарикон оид ба рушд, дар бораи иқдомҳои пешгирифта баҳри расонидани кумакҳои донории онҳо барои мақомоти омор, ки ба афзалият бахшидани самтҳои рушди миллии соҳаи омор равона гардидааст изҳори минатдорӣ баён намуд.
Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки ингуна мулоқотҳо, ки барои бештар дарёфт кардани иттилоот ва тақвият бахшидани ҳамоҳангсозӣ имконият фароҳам меоварад ба таври мунтазам (яъне ҳар семоҳа) гузаронида шаванд.

Другие новости