Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

29.01.2016
Нишасти матбуотӣ

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 январи соли 2016 дар Маркази Матбуотии Ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма, нишасти матбуотӣ гузаронид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, телевизион ва радио аз он ҷумла: АМИТ «Ховар», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Чархи гардун», «Озодагон», «Фараж», «Халқ овозӣ», «Азия - Плюс», «Toj Nӯws», Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина», «Ҷаҳоннамо» ва шабакаҳои «Радиои Тоҷикистон», «Радиои Ховар», «Радиои Озодӣ» ва «Садои Душанбе» иштирок намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон дар бораи фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016, инчунин дар бораи нишондиҳандаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 пахши иттилоотӣ пешниҳод карда шуда, барои истифодабарӣ маводҳо, аз ҷумла: гузориш оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) ва маърӯзаи фишурда дар бораи фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 пешниҳод гардид.

Нишасти матбуотиро Директори Агентӣ Ҳасанзода Г.К., оғоз намуда, аз натиҷаҳои фаъолияти мақомоти давлатии омор дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 суханронӣ намуд. Дар муҳокимаи мавзӯъ инчунин муовинони Директори Агентӣ Асоев А.Р., Давлатзода Қ., ва сардорони Раёсату шуъбаҳои соҳавии Дастгоҳи марказӣ ва Маркази кулли ҳисоббарорӣ Агентӣ посух доданд.

Дар мавзӯҳои соҳавӣ аз ҷониби намояндаҳои воситаҳои ахбори омма саволҳои зерин оид ба:
- воридоти сармоя – сармояи мустақим, воридоти орд, гандум, сӯзишворӣ ва содироти пахта ва нерӯи барқ дар соли 2015;
- сабабҳои ҷой доштани фарқияти нишондиҳандаҳои мақомоти омор бо нишондиҳандаҳои дигар вазорату идораҳо;
- вайрон намудани тартиби пешниҳоди ҳисоботи омори давлатӣ ва нисбат ба ин ҳолатҳо андешидани чораҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти омори давлатӣ;
- таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба такмили баҳисобгирии оморӣ;
- шумораи соҳибкорони фаъолиташон қатъшуда;
- сатҳи бекорӣ ва шумораи ҷойҳои кории таъсисдодашуда (доимӣ, мавсимӣ ва мувақатӣ) ва аҳолии машғулин дар соли 2015, дода шуданд.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма ба саволҳои худ вобаста ба соҳаҳои мухталиф ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Баргузории нишасти матбуотӣ бо иштироки воситаҳои ахбори омма боиси боз ҳам мукамалгардонии шаффофияти маълумотҳои оморӣ ва баланд бардоштани сифати корҳои ҷамъоварӣ, коркард таҳлил ва таҳияи маълумотҳои оморӣ мегарданд.

Другие новости